Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиёни конфронс дастгирӣ ёфт

0
1163

Тавре пештар хабар дода будем, 27 май дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти хатари маводи нашъаовар таҳти унвони “Муттаҳид намудани ҳамкории байналмилалии зиддимухаддиротӣ” баргузор гардид.      Аз тарафи иштирокчиёни конфронс Эъломияи муштарак барои дида баромадан дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти ҷаҳонии маводи нашъаовар, ки соли 2016 баргузор мегардад, қабул карда шуд.

Дар Паёми худ ба иштирокчиёни конфронс Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки солҳои 2016-2012 “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” эълон карда шавад.

Муҳимияти корҳоро дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар байни аҳолии кишварҳои минтақа ба назар гирифта, ташаббуси мазкур аз тарафи иштирокчиёни конфронс бо як овоз дастгирӣ ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД