Натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2014

0
1426

 Шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми маводи нашъаовари мусодира шуда ва натиҷаҳи дигари нимсолаи аввали соли 2014

Дар нимсолаи аввали соли 2014 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ 628 (соли 2013 – 537) ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифтанд, ки он аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифта шуда 5 %-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 287 кг 149 гр маводи нашъаовар мусодира гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирагардида дар давраи ҳисоботӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба 12,2% кам шуда бошад ҳам, аммо дар солҳои охир тамоюли афзоиши ҳаҷми маводи нашъаовари мусодира гардида дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Агар дар соли 2010 ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирагардида 3 902 кг-ро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2013 6 686 кг-ро ташкил медиҳад, ки 71,3% зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ 507 кг 908гр. маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёд аст, аз ҷумла 149 кг 669 гр маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ ва 358 кг 239 гр маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона мусодира шудааст.

Дар ин давра аз тарафи Агентӣ дар соҳаи пурзӯркунии мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ як қатор чорбиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд ва дар натиҷа фаъолияти 17 гурӯҳи ҷинояткор, ки ба онҳо 42 нафар шомил буд, қатъ карда шуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсати АНМН дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд як нафар сокини Душанбе ва се нафар сокини вилояти Суғдро ҳангоми фурӯши 1 106 дона ҳаби психотропии МДМА дастгир намуданд. Нархи ҳабҳо 10 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил намуд. Тавре ки тафтишот муайян намуд, гурӯҳи ҷинояткор ҳабҳоро дар яке аз кишварҳои аврупоӣ харидорӣ намуда, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд интиқол намуд, то ин ки дар байни ҷавонон дар марказҳои дилхушӣ паҳн намояд. Моҳи июли соли 2014 бо қарори суди шаҳри Хуҷанд чор нафар аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор барои кӯшиши фурӯши маводи психотропӣ ба муддати аз 8 то 12 сол маҳрум шудан аз озодӣ ҷазо гирифтанд.

Шуъбаи тафтишотии Агентӣ 100 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, 52 парвандро нисбати 73 шахс ба суд равон кард.

6 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир шуданд.

Аз тарафи лабораторияи экспертизаҳои судӣ 189 экспертиза ва тадқиқот гузаронида шуд, аз онҳо 73 экспертиза аз рӯи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.

Бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар оташдони махсуси Агентӣ дар ҳузури намояндагони Васоити ахбори омма ва комиссия 336 кг 887 гр. маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Амалиётҳои муштараки байналмилалӣ

Бо мақсади амалӣ намудани қарори дар сессияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) (23 сентябри соли 2013, ш. Сочи) қабулшуда, аз 20 то 25 май дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод амалиёти махсуси байналмилалии «Канал-Южный капкан» гузаронида шуд. Дар амалиёт намояндагони кишварҳои СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон, кишварҳои мушоҳид – Афғонистон, Эрон, Хитой ва Покистон иштирок намуданд. Раёсати оперативии Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозӣ дар заминаи Агентиӣ ҷойгир шуда буд. Дар натиҷаи амалиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 666 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 4 амалиёти муштарак гузарониданд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 459 кг 252 гр маводи нашъаовар мусодира гардид.

Назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

Бо мақсади таҳияи минбаъдаи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” 15 апрели соли 2014 дар Агентиӣ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистифодаи маводи нашъаовар бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборӣ, муовини раиси Шӯро Рустам Назарзода, инчунин сафирони Россия, Белоруссия, Қирғизистон, Япония, намояндагони сафоратҳои Германия, ШМА, Афғонистон, роҳбарони ташкилотҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон – Барномаи Рушди СММ, Фонди Рушди “Оғо-Хон”, Иттиҳоди Аврупо, Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, СПИД “Восток-Запад”, “Глобальный фонд” ва ғ. баргузор гардид.

Бо мақсади таъмини риояи қоидаҳои муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 116 санҷиш гузаронида, 9 дастурамал оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тартиб дода шуд.

Аз тарафи кормандони Агентӣ дар Васоити ахбори омма 306 баромад ташкил карда шуд, аз ҷумла дар нашрияҳои чопӣ – 71, тавассути радио – 95, тавассути телевизион – 140, дар сайти Агентӣ 193 иттилоот ҷойгир карда шуд. Дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ 259 вохӯрӣ ва мулоқот, 23 семинар ва “мизи мудаввар”, инчунин 65 чорабинии варзишӣ-фарҳангии зиддимухаддиротӣ ташкил карда шуд.

Бино ба хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2014 дар муасссисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7 184 бемори гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 200 нафарашон зан мебошанд (соли 2013 – 7470/198).

– дар шаҳри Душанбе 2981 нашъаманд, аз ҷумла – 121 зан;

– дар вилояти Суғд 1082 нашъаманд, аз ҷумла – 51 зан;

– дар вилояти Хатлон 1 244 нашъаманд, аз ҷумла – 13 зан;

– дар ВМКБ 899 нашъаманд, аз ҷумла – 3 зан;

– дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 978 нашъаманд, аз ҷумла – 12 зан.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва баланд бардоштани самаранокии он роҳбарият ва кормандони Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ дар як қатор конфронс, вохӯрӣ, тренинг ва семинарҳо иштирок намуданд, аз ҷумла:

– 17 марти соли ҷорӣ бори аввал дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена муаррифии “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон дар соли 2013” баргузор гардид. Ба иштирокчиёни ҷаласа мавзӯъҳои асосии “Шарҳ” ва натиҷаҳои соли аввали амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” пешкаш карда шуд.

– 30 майи соли 2014 дар бинои “Китобхонаи миллӣ” ҷаласаи сеҷонибаи роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории ин ҷаласа муттаҳид намудани кӯшишҳои се кишвар дар мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар тавассути ба ном “хатсайри шимолӣ”, инчунин мубодилаи иттилоот ва муҳокимаи масъалаҳои тайёрии кадрҳо буд.

– 30 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати ҶТ конфронси байналмилалӣ “15 соли ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва кишварҳои минтақа дар соҳаи назорати маводи нашъаовар” баргузор гардид, ки ба 15-солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида шуда буд. Дар конфронс сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, аз ҷумла Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена, Раёсати минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар ҶТ, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин Маркази Минтақавии Осиёимиёнагии Ҳамоҳангсозии Иттилоотӣ иштирок намуданд.

– 19 июни соли 2014 дар “Китобхонаи миллӣ” Ҷаласи панҷуми роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар доранд, баргузор гардид. Дар ҷаласа тарафҳо масъалаҳои тақвият бахшидан ба ҳамкории зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои СҲШ, дар соҳаи муқовимат ба интиқоли трансмиллии маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ ва бангдона дар қаламрави кишварҳои СҲШ, инчунин қочоқи маводи нашъаовари синтетикӣ, ворид шудани маводи кимиёвӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ (прекурсорҳо), ки барои истеҳсоли маводи нашъаовар истифода бурда мешаванд, амалӣ намудани Барномаи амалӣ оид ба иҷроиши Стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2011-2016 баррасӣ гардиданд.

Сиёсати кадрӣ

Дар Агентӣ ба масъалаҳои тайёрӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбӣ бо роҳи ташкил намудани семинар ва тренингҳои гуногун ва курсҳои таълимӣ диққати махсус дода мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Агентӣ дар 37 конфронс, семинар, курсҳои таълимии байналмилалӣ иштирок намуданд, дар заминаи Донишкадаи Уммумиросиягии такмили ихтисоси кормандони ВКД Россия, Донишкадаи Шимолу-Ғарбии такмили ихтисоси Хадамоти Федеролии Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, Академияи Полиси Туркия оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҷинояти муташаккил таҳсил намуданд. Дар асоси Қарордод байни Агентӣ ва Хадамоти Федеролии Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар 12 довталаб аз ҳисоби фарзандони кормандони Агентӣ ба Донишкадаи ҳуқуқи Сибир ба шаҳри Красноярск равон карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД