Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ

0
101

11.09.2018 10:08, ноҳияи Ванҷ

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хоса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буд ва дар давоми се сол иншооти мазкур бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Дар ошёнаи якуми бино ҳафт утоқи корӣ барои кормандон ва дар қабатҳои болоӣ шароити истиқомат барои кормандони ин мақомот фароҳам оварда шудааст.

Дар бинои нав ҳамчунин ба хотири таъмини шароити хуби зисти кормандон бо оилаҳои худ, манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин ва бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаминҷо калиди хонаҳои истиқоматии ду ва сеҳуҷрагиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида дар онҳо шинос шуданд.

Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа даъват намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД