ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ ДАРМАҲФИЛИ “ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

0
453

Бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон санаи 26 феврали соли ҷорӣ дармаҳфили “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” машғулияти таълимӣ- омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Нигаҳдошти генофонди миллат–роҳу усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон” баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки маҳфили мазкур аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷавонон, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон роҳандозӣ гардида, дар он зиёда аз 40 нафар ҷавонон дар давоми се моҳ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Кормандони Агентӣ дар баромади худ қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки “Масъалаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба яке аз хатарҳои ташвишовари ҷаҳони муосир табдил ёфтааст”. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари нашъамандӣ ба солимии аҳолӣ ва генофонди миллат, дар баробари таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин дар самти пешгирии нашъамандӣ, вобаста ба табобат ва офиятбахшии нашъамандон низ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Кормандон оид ба фаъолияти кори Агентӣ ба ҷавонон нақл намуда, қайд карданд, ки онҳо метавонанд бевосита дар самти пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқҳамкорӣ намоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади ташкили муносибати манфии аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба истеъмоли маводи нашъадор, Агентӣ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои дахлдори вазорату идораҳо, созмонҳои байналмиллалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои тарғиботии зиддинашъамандӣ аз қабили семинар, мизи мудаввар, вохӯрӣ, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва варзиширо ба роҳ мондаанд. Ҳамасола аз тарафи кормандони Агентӣ дар асоси нақшаҳои муштаррак бо вазорату идораҳои дахлдор дар байни қишрҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан ҷавонон мунтазам вохурӣ, чорабиниҳоиоммавӣ-фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, мизҳои мудавар ва семинару конфронс ташкил ва гузаронида мешаванд.

Маҳфили “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” дар “Соли ҷавонон” роҳандозӣ гардида, баргузории машғулиятҳои таълимӣ-омӯзишии он минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД