Кирғизро дар Урали Ҷанубӣ барои 23 кг героин ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум намуданд

0
1448

Суди шаҳрии Троитский шаҳрванди Қирғизистонро, ки бо 23 кг героин дар роҳи автомобилгарди байналмилалии гузаргоҳии “Бугристое” дастгир гардида буд, ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти Федералии Амнияти вилоят хабар дод, ки шаҳрванди хориҷӣ маводи нашъаоварро аз Қирғизистон ба Москва интиқол медод.              Ронандаи автобусро, ки моҳи апрели соли гузашта борро бо мусофирон аз Ош ба Москва интиқол медод, дар роҳи автомобилгарди байналмилалии гузаргоҳии “Бугристое” дастгир намуданд. Борхалтаро миёни тойҳои пахта бо молҳои хитоӣ пинҳон карда буданд, ки ба бозорҳои Москва равона мешуд.

Ӯ бо моддаи 229 к.4 банди «б» КҶ ФР (қочоқи маводи нашъаовар) ҳабс гардид.

Кормандони оперативӣ муайян намуданд, ки дар Ош як моҳ пеш аз дастгир шудан ду нафар шахсони номаълум дар бораи бо роҳи пинҳонӣ интиқол додани борхалта ба пойтахти Россия бо ӯ сӯҳбат намуданд. Дар аввал ӯ розӣ нашуд, аммо 10 ҳазор доллари ИМА нақши ҳалкунандаро бозид. Маводи нашъадор бояд дар Москва ба дасти яке аз соҳибони бор мерасид.

Ҷинояткорон умед доштанд, ки бо гумрукчиёни Қазоқистон забон як карда, бе ягон мамоният қочоқро мегузаронанд. Дар ҳақиқат мошин гумрукро убур намуд. Аммо ҳиссиёти тези саги хизматӣ ва кордонии сарҳадчиёни Раёсати Хадамоти Федералии Амният дар вилояти Челябинск ҳаракати бори ҳатарнокро боз доштанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД