Шумораи нашъамандон дар ВМКБ ба 874 нафар расидааст

0
1290

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар маҳаллаи Носири Хусрави ш. Хоруғ бо модарон ва фаъолзанон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Шӯъбаи занон ва оилаи ш. Хоруғ, Раёсатҳои тандурустӣ, маориф ва илм дар ВМКБ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва собиқадорони меҳнат ширкат варзиданд.

Кормандони РАНМН дар ВМКБ ба иштирокдорон дар бораи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, оид ба вазъи нашъамандӣ дар вилоят, нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои бади он дар ҷомеа маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки теъдоди нашъамандон дар ВМКБ ба 874 нафар расидааст ва гирифторони бемории ВНМБ/БПНМ дар вилоят ба 470 нафар расидааст, ки аз онҳо 72 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриҳо аз санаи 2 декабри соли равон сар карда, дар маҳаллаҳои Хоруғи Боло, Чух Хоруғ, маҳаллаи ГЭС ва маҳаллаи Носири Хусрав баргузор гардиданд, ки дар ҳар яки ин вохӯрҳо зиёда аз 50 нафарӣ занони маҳаллаҳои номбурда иштирок намуданд.

Вохӯрии мазкур аз тарафи кормандони Телевизиони Бадахшон ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД