Курсҳои кӯтоҳмуддат барои кормандони РАНМН дар Хатлон

0
1504

Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи кории Гурӯҳи байналмилалии корӣ оид ба бозомӯзии кормандони АНМН, бо дастгирии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷониби кормандон-дастурдеҳони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 20 то 30 июни соли ҷорӣ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҳайати шахсии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ва Шӯъбаи байниноҳиявии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гузаронида мешавад.


Баъди ба анҷом расидани курсҳои мазкур аз ҳайати шахсӣ санҷиш қабул карда шуда, ба иштирокчиён сертификат супорида хоҳад шуд.

Гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар ВМКБ ва вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД