Баргузории мизи мудаввар дар Бадахшон

0
1343

24 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар Маркази наркологии вилоят байни беморони нашъаманд ва ҷавонони солим мизи мудаввар баргузор гардид. Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ дар он буд, ки пеши рохи ҷалб намудани наврасон ва ҷавонон ба нашъамандӣ гирифта шавад.


Дар чорабинии мазкур чавонони маҳаллаи Хоруғи Боло ва беморони маркази наркологӣ ҷамъ омада, байни ҳам саволу ҷавоб ташкил намуданд, ҷавонон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Беморони нашъаманд ба ҷавонон тавсия доданд, ки ҳеҷ гоҳ ба истеъмоли маводи нашъаовар даст назананд, чунки он оқибати ногувор дорад.

Чунин чорабиниҳо дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо ҷавонони маҳаллаи Беморхона ва дар Маркази ҷавонон бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ва ҷавонони маҳаллаи Гулакен баргузор гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД