Вохӯрӣ дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур

0
1924

10 октябр кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар толори мақомоти мазкур бо толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназияҳо ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе миззи мудаввар баргузор намуданд. Дар кори мизи мудаввар инчунин намояндагони КДАМ ва ВКД ҶТ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳоро доир ба экстремизм ва тероризм, ҷалб намудани бархе аз ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ, инчунин нашъамандӣ таҳти муҳокима қарор доданд.

Мизи мудаввар тавассути телевизиони “Ҷаҳоннамо” сабт ва пахш гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи нақшаи муштарак бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур доир кардани чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳо ва муассисаҳои таҳсилотии воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур дар назар аст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД