Мизи мудаввар оид ба масъалаҳои маводи мухаддир

0
1204

14 майи соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ мизи мудаввар оид ба мушкилоти нашъамандӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони идораҳои давлатӣ, байналмиллалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ширкат варзиданд. Мақсади асосии баргузории ин нишаст, боз ҳам беҳтар ва пурзӯр намудани ҳамоҳангӣ ва тақвияти фаъолияти идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи коҳиши зарар, табобат ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, мебошад.

Маҷлисро муовини Директори Агентӣ Хайдарзода М. кушод. Зимни суханронии худ мавсуф қайд намуданд, ки самти сиёсии ҳукумати кишвар ба пурзӯр намудани назорати маводи нашъаовар, созмон додани заминаҳои ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин зарур аст, ки сохторҳои байналмиллалӣ, ҷамъиятию давлатӣ оид ба пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандӣ дар ҳамбастагӣ бо самтҳои нав дар ин соҳа тақвият бахшида шавад.

Дар ҷаласаи мизи мудаввар масъалаҳои дастовардҳо ва дурнамои Стратегияи милии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020 сол, усулҳои табобати истеъмолкунандагони маводи нашъадор дар Тоҷикистон, натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии маблағгузорӣ ва дастрас будани хизматрасониҳо ва коҳиши зарар дар ҶТ, тарзу усулҳои табобати нашъамандон дар ҷои маҳрумӣ аз озодӣ баррасӣ гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД