Ҳаҷми калони героин аз Туркия дар бандари Актауи Қазоқистон дастгир гардид

0
1372

Нархи маводи нашъаовари мусодирашуда зиёда аз 2 миллиард тангаро ташкил менамояд.

Интиқоли зиёда аз 120 кг героин дар бандари баҳрии Актау пешгирӣ карда шуд. Бор аз Туркия интиқол гардид, хабар медиҳад Kazpravda.kz бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Қазоқистон.

“19 сентябр ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Актау кормандони Хадамоти тафтишоти иқтисодии Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Қазоқистон дар якҷоягӣ бо кормандони Департаменти даромадҳои давлатӣ дар вилояти Мангистау дар автомашинаи тамғаи Iveco, ки аз Туркия равон шуда буд, кӯшиши интиқоли маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд. Аз рӯи хулосаи пешакӣ бори дастгиршуда героин буда, ҳаҷми он 123 кг мебошад. Нархи он метавонад 2 миллиард тангаро ташкил намояд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз гардид” – омадааст дар иттилооти идора.

Қайд гардид, ки дастгиркунии ҳаҷми калони героин яке аз калонтарин дар давоми чор моҳи фаъолияти кормандони Кумитаи даромадҳои давлатӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии мамлакат мебошад.

Охирин ҳодисаи монанд соли 2008 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт кормандони Хадамоти гумрук дар вилояти Қостанай ҳаҷми калони героинро дар нуқтаи гумрукии “Қайроқ” дастгир намуданд, ки вазни он зиёда аз 500 кг буда, нархи он тахминан 30 миллион долларро ташкил намуд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД