Чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ дар ВМКБ

0
1435

Баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои асосии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва инчунин баҳри иҷро намудани банди нақшаи чорабиниҳои асосии Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президенти ҶТ бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ санаи 14-уми январи соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии ш.Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди муҳорибаи тан ба тан байни ҷавонон ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баргузор гардид. Мусобиқаи варзиширо намояндаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ кушода, ҳамагонро барои машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим ва даст кашидан аз дигар кирдорҳои номатлуб ба монанди даст задан ба маводи мухаддир ва дуздиву авбошӣ даъват намуд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар ҷавонон иштирок намуданд.

Ҳамзамон, санаи 12 январи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф ва илми ВМКБ дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №5-и ш.Хоруғ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагони синфҳои болоии ин мактаб саҳначаҳо ва шеърҳоро доир ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ қироат намуда, ҳамсолонашонро барои бурдани тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба китобхонӣ ва варзиш даъват намуданд.

Чорабинӣ аз тарафи кормандони телевизиони Бадахшон сабт карда шуда, тариқи шабакаи телевизиони маҳаллӣ пешкаши тамошобинон гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД