Чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ дар вилояти Суғд

0
1507

24 июни соли 2016 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд дар толори муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон»-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он баргузор гардид.


Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, инчунин марказҳои наркологӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бахши Маркази мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии “Дина” шаркат варзиданд.

Баъдан озмуни мусаввараҳо, ҳунарнамоии варзишгарон дар намудҳои мухталифи варзиш, сурудҳои дилнишин ва рақсҳои дилошӯб, ки аз ҷониби хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Инчунин викторина дар мавзӯъҳои мафҳуми нашъамандӣ, пешгирии он, навъҳои маводи мухаддир ва оқибатҳои ногувори он ба саломатии инсон гузаронида шуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди баҳогузорӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми чорабинӣ ташаббускорон ва иштирокдорони фаъоли чорабинии мазкур барои саҳми фаъол дар пешгирии нашъамандӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим бо тӯҳфаҳои арзанда қадршиносӣ карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД