КУРСҲОИ МАХСУСИ ХИЗМАТӢ-НИЗОМӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ АГЕНТӢ

0
347

22 октябри  соли 2018 дар бинои Маркази таълимии курси махсуси хизматӣ-низомӣ барои кормандони ҷавони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд  ва Хатлон бо иштирок ва дастгирии Роҳбари РСММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Амелия Ханнафорд ва  муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода, оғоз карда шуд.

Устодони дастурдеҳ аз ҳисоби кормандони таҷрибадори Агентӣ интихоб шудаанд, ки ба 26-нафар иштирокчиёни семинар таи ду ҳафта машғулиятҳоро дар сатҳи зарурӣ меомӯзонанд.

Қобили зикр аст, ки курсҳои махсуси хизматӣ-низомӣ дар ҳар як нимсола ташкил ва баргузор мегардад, ки он барои баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии кормандони ҷавони Агентӣ мусоидат хоҳад кард.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД