Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
162

2 ноябр соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ҳайати шахсиро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Ҳамчунин муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода дар ин чорабинӣ баромад намуда, зикр карданд, ки Конститутсия низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Дар ҷамъомади мазкур ҳамчунин, мудири шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Носиров иштирок намуда, оид ба нақш ва мавқеи Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ суханронӣ намуд.

Ҳамчунин кормандони ҷавони Агентӣ бо баромад ва суханрониҳои худ доир ба Конститутсия ҷаласаи тантанавиро боз ҳам хотирмон намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД