МАҶМӮӢ ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДА ДАР БАЙНИ АҲОЛИИ ВМКБ

0
227

Бояд қайд намуд, ки маҷмуи чорабиниҳое, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд, пеш аз ҳама ба таблиғи тарзи ҳаёти солим  ва баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи мухаддир равона карда шудааст. Агентӣ чорабиниҳои зиддинашъамандиро дар байни қишрҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ, вазифаи асосии фаъолияти худ дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъадор мешуморад.

Бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 01.10.2018 як гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба шаҳри Хоруғ сафарбар карда шуд.

Аз тарафи гурӯҳи кории мазкур дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ санаи 08.11.2018 дар Телевизиони Бадахшон барномаи “Суҳбати рӯз”   дар мавзӯи тарғиби тарзи ҳайёти солим,  пешгирии нашъамандӣ ва вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид, ки шоми 08.10, субҳи 09.10 ва шоми 11.10.2018 (такрор) тариқи телевизиони маҳаллӣ ба аҳолии вилоят пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар санаҳои зикршуда кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ  тариқи Радиои маҳаллии шаҳри Хоруғ оид ба мавзӯи пешгирии нашъамандӣ баромад намуданд.

Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.10.2018 дар якҷоягӣ бо Раиси вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, Сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия А.Аламшозода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон В.Ваҳобов оид ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо занон ва оилаи ВМКБ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, инчунин аҳли ҷамоатчигӣ оид ба пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ дар шаҳри Хоруғ мунтаззам чорабиниҳо баргузор шуда истодаанд.

Кормандони Агентӣ дар  якҷоягӣ бо гуруҳи корӣ дар байни хонандагони синфҳои болоӣ ва устодони муассисаи таълимоти миёнаи умумии №7-и маҳаллаи Тирчид, муассисаи таълимоти миёнаи умумии №8-и маҳаллаи Бархоруғ, Муасиссаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва Литсейи Оғохон, вохӯрӣ ва суҳбатҳоро оид ба пешгирии нашъамандӣ, оқибати хатарноки истеъмоли маводи мухаддир, пешгирии бемориҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон, ҳамчунин бомаърифатона ва ба таври дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернет ва пешгирӣ аз дигар амалҳои номатлуб баргузор намуданд, ки дар охир байни хонандагон ва мутахассисон саволу ҷавоб ва суҳбатҳои ошкоро сурат гирифт.

Ҳамчунин аз тарафи намояндагон ба иштироккунандагон буклету варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

Санаи 10.10.2018 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ аз тарафи муовини директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода бо намояндагон ва кормандони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҷавонон, занон, донишҷӯён ва хонандагони болаёқати синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур бештар дар мавзӯъҳои пешгирии хатарҳои таҳдидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, убури ғайриқонунии сарҳад, ғайриқонунӣ нигоҳдоштани яроқ ва истифодаи он дар байни аҳолӣ ва дигар амалҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ, ҳамчунин оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пос доштани фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон ва дигар мавзӯъҳои мубрам суханронӣ карда шуд. Аз тарафи ҷавонони фаъол саволҳо ба муовини Директор пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо посухҳои мушахас пешниҳод карда шуд.

Аз ҷониби кормандони Агентӣ ба аҳли толор варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

Баргузории ҳамаи вохӯрӣ ва чорабиниҳо тавасути телевизиони маҳаллии вилоятии “Бадахшон” ба аҳолӣ пешниҳод гардиданд.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои дар боло зикр гардида маҷмӯи чорабиниҳои зиддинашъамандӣ ва вохӯриҳо дар вилоят идома доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД