Конфронси байналмилалӣ дар Таиланд

0
1819
OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Маводи кимиёвии прекурсорҳо ва моддаҳои нави психоактивӣ” доир гардид, ки дар кори он намояндагони кишварҳои ҷаҳон, инчунин намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Аз номи Тоҷикистон дар кори конфронс намояндани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иштирок намуд.

Тибқи барномаи конфронси мазкур масъалаи паҳншавии босуръати воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии нав, аз ҷумла навъҳои синтетикии онҳо ва пешгирии ихроҷи моддаҳои кимиёвӣ ба роҳҳои ғайриқонунӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамчунин, мушкилоти самти мазкур ва натиҷаҳо дар таҳия ва амалӣ гардидани барномаҳои соҳавии ҳукуматҳо, ташаббусҳои ҳамкориҳои байнидавлатӣ барои пешгирии ихроҷи прекурсорҳо ба роҳҳои ғайриқонунӣ ва пурзӯр кардани назорат аз болои муомилоти қонунии прекурсорҳо мавзӯъҳои асосии конфронси мазкур буд.

Иштирокчиёни конфронси мазкур, инчунин дар бораи мусодираи прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, аз ҷумла навъҳои нави мухаддироти сунъӣ, мушкилоти гирифтани онҳо ба назорати миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби дар амал татбиқ гардидани системаи байналмилалии PEN ON LINE оид ба пешниҳоди ахбори пешазворидотии прекурсорҳо баромад намуданд.

Дар кори конфронс аз тарафи иштирокчиён барои такмил додани фаъолият дар ин самт як қатор тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, дар рӯйхатҳои миллӣ таҳти назорат қарор додани моддаҳои нави психоактивӣ, пешниҳоди маълумот дар бораи муомилоти прекурсорҳо ва мусодираи онҳо ба Кумитаи байналмилалӣ оид ба назорати маводи нашъаовар, такмили табодули ахбори пешазсодиротию воридотии прекурсорҳо байни кишварҳои аъзои конвенсияҳои СММ оид ба назорати маводи нашъаовар ва пурзӯр кардани назорати мақомоти дахлдори кишварҳо аз болои истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони прекурсорҳо.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД