Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тафтишоти пешакӣ ва дурнамои инкишофи он»

0
1354

7-уми апрели соли ҷорӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба мавзӯи «Тафтишоти пешакӣ ва дурнамои инкишофи он» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзуи “Ислоҳоти кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дар даврони Истиқлолият” баромад намуданд.

Мақсади конференсияи мазкур пешниҳод ва ибрози таклифу таҳлилҳо вобаста ба фаъолияти тафтиши ҷиноятҳо ва дурнамои он аз ҷониби олимон ва кормандони амалияро дар бар мегирифт.

Дар кори конференсия олимони барҷастаи ватанӣ, судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва роҳбарони дастгоҳҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, бори нахуст намояндагони Донишгоҳи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Конференсияи мазкурро Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. оғоз намуда доир ба ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ- ҷиноятӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ибрози ақида намуданд.

Иштирокчиёни конфронс оид ба такмил додани қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ, фанҳои таълимӣ ва фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз слайд ва маърӯзаҳо баромад намуда, фикру пешниҳоди худро изҳор доштанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД