Чорабинӣ дар Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ

0
1232

20 июн дар чорчӯбаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ ба иштирокчиён иттилоот дар бораи фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба пешгирии нашъамандӣ ва вируси ВНМО пешкаш карда шуд. Сипас масъалаҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти зиддинашъамандӣ мебаранд, муҳокима гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД