Чорабиниҳо дар Бадахшон

0
1380

Санаи 20 июни соли равон дар ноҳияи Ишкошим бахшида ба Рузи байналмиллалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо бахшҳои ҷавонон ва варзиш, дин ва фарҳанг бо фаъолони ҷомеа, инчунин ҷавонону наврасон баҳри таблиғи тарзи ҳаёти солим дар мавзӯи «Нест бод нашъамандӣ!» вохӯрӣ баргузор намуданд. Инчунин мусобиқаи шоҳмотбозӣ ва барномаи консертӣ барпо карда шуд.
Бо ташаббуси кормандони Шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Мурғоб дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҷавонон ва варзиш дар байни ҷавонони ноҳия дар 7 даста мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол баргузор карда шуд, ки ғолибони он бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД