Чорабиниҳо дар шаҳри Панҷакент

0
1391

Моҳи ноябри соли 2015 аз тарафи гурўҳи кории Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар  доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013 – 2020 дар шаҳри Панҷакент як қатор вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати Саразм, устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, омўзишгоҳҳои тиббӣ ва омўзгорӣ, муаллимон ва толибилмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Панҷакент доир гардиданд.

Дар ҷараёни вохўриҳо намояндагони РАНМН дар вилояти Суғд ба ҷавонону наврасон аз оқибатхои истеъмоли маводи нашъаовар, истифодаи ғайритиббии он ва пешгирии нашъамандӣ сӯҳбат намуданд. ҳамчунин аз тарафи гурўҳи корӣ оид ба риояи муомилоти маводи махсус назоратшаванда дар беморхонаи марказии шаҳр, дорухонаҳо ва ҷДММ КМ  “Зарафшон” санҷиш гузаронида шуда, бо масъулин дар баробари роҳ надодан ба талаботи қонунгузории ҷорӣ зимни фаъолияти кории худ, баҳри беҳбудии кор дастурҳои лозима дода шуд.

Дар баробари ин гурўҳи кории РАНМН дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадори шаҳри Панҷакент шинос шуданд, ки дар кори он раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сўиистеъмоли маводи нашъадори шаҳр – муовини раиси шаҳр, аъзоёни Шўро ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳр ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи Шўро натиҷаҳо оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020 мавриди муҳокима қарор гирифт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД