Чорабиниҳо оид ба рӯзи байналмиллаии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ

0
2083

Ҳамасола дар тамоми чаҳон 1-уми декабрро ҳамчун рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ҷашн мегиранд.

Бахшида ба ин рӯз аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи вохӯриҳо баргузор гардиданд, аз ҷумла дар факултаи фармасевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи олии Қушунҳои сарҳадии Куматаи давлатии амнияти миллӣ, гимназияи №53 ва муассисаи таълимии №71-и ш. Душанбе ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар вохӯриҳои мазкур намояндагони Агентӣ оид ба истеъмоли тазриқии маводи нашъаовар, гузариш ба беморињои сироятӣ, аз ҷумла бемории ВНМО/БПНМ дар байни нашъамандон маълумотҳои муфассал доданд.

Аз тарафи иштирокчиён ба мутахассисони Агентӣ оид ба мавзӯъҳои дар боло зикргардида саволҳо пешниҳод шуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.

Дар анҷоми чорабиниҳо ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ оид ба нашъамандӣ ва ВНМО/БПНМ тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД