Вохӯрии Мини-Дублин дар Агентӣ

0
1940

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Афсари алоқаи Италия дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Федерико Куатрини ҷаласаи навбатии Гурӯҳи Мини-Дублин баргузор гардид.

Дар ҷаласа сафирон ва намояндагони сафоратҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, Олмон, Ҷопон, ШМА, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, Барномаи рушди СММ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мулоқот Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода намояндагӣ кард.

Ҷаласаро Директори Агентӣ Шерхон Салимзода кушода, қайд намуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва сӯистифодаи он барои тамоми ҷомеаи башарӣ мушкилоти зиёдеро ба бор меоварад, ки дар навбати худ зарурияти қабули амалҳои ҷиддӣ оид ба пешгирии нашъаманди ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро тақозо менамояд.

Ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон, инчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чораҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорат аз болои маводи нашъаовар, ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкорони дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муаррифинома пешниҳод карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вазъи мухаддиротии вобаста бо истеҳсол ва талабот ба маводи нашъаовар, интиқоли маводи мухаддир ва прекурсорҳо, қонунигардонии маблағҳои пулӣ, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд, инчунин, чораҳое, ки дар доираи сиёсати зиддимуддиротӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамкориҳо миёни аъзоёни гурӯҳи Мини-Дублин, Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон андешида мешаванд, муҳокима гардиданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ иштирокчиёни ҷаласа оид ба кумаки ҳаматарафа ба мақомоти дахлдори кишварҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва рушди ҳамкориҳои пурсамари байналмилалӣ дар ин самт як қатор таклифҳоро пешниҳод намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД