Муаррифии “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017”

0
926

14 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, сафирони давлатҳои муқими шаҳри Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муаррифии маҷаллаи “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017” баргузор гардид.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Шерхон Салимзода бо сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро хайрамақдам гуфта,  ҷаласаро оғоз намуданд. Зимнан Шерхон Салимзода қайд намуданд, ки маҷаллаи “Шарҳи вазъи маводи нашъарвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола бо ташаббус ва ибтикороти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва дастгирии молиявии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳия ва нашр мегардад. Соли 2017 низ маҷаллаи мазкур ба табъ расонида шуда, моҳи марти соли ҷорӣ дар чорчӯбаи Сессияи 61 Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор дар шаҳри Вена, ҷиҳати муаррифии он чорабинии алоҳида баргузор карда шуд.

Сипас Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар сухани ифтитоҳии худ оид ба таҳдиду чолишҳои рузафзуни амнияти минтақа ва ҷаҳон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ибрози назар намуданд.

2018-05-14

Дар чорабинӣ Сардори Ситоди Агентӣ Шамшод Хушвахтзода маҷаллаи “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017”- ро муаррифӣ намуда, диққати иштирокдоронро ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, мустаҳкам намудани Сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Дар кори чорабинии мазкур намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал иштирок ва баромад намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ намуд.

14-05-18

Инчунин дар чорабинӣ ҷаноби Ҷереми Милсон – ҳамоҳангсози калони Барномаи барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он баромад намуда, иштирокчиёнро оид ба рафти амалисозии Барномаи Минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ва натиҷаҳои он иттилоъ дод.

Ҷаноби Милсон нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи ташкили назорат аз болои муомилоти маводи нашъаовар ва корҳои ба анҷом расонида дар самти мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ ва таъмину амнияти минтақа баланд арзёбӣ намуд.

Дар хотима роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маърӯзачиён бо саволҳо муроҷиат намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД