Наврӯз – ифодагари ормонҳои миллӣ

0
1068

   Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯз ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик таи солҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ бо самимият ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар сатҳи умумихалқӣ ва умумидавлатӣ истиқбол гирифтани Наврӯзи аҷам арҷгузории миллати тоҷикро ба ҳифзи симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, пойдории рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ, орзуву омоли наҷиби созандагӣ ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ ифода месозад.
Санаи 31.03.2018 дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар мавзеи хушманзара ва хушбоду ҳавои ноҳияи Варзоб бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, собқадорон, фарзандон ва наздикони кормандони Агентӣ иди байналмиллалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

IMG_1984IMG_2004

Дар идгоҳ ҳар як раёсату шуъба гӯшаи алоҳидаеро бо рамзи Наврӯз зебу зиннат дода, дар он нақшу нигори миллӣ, асбобҳои гуногуни халқӣ, дастархони идона, рамзҳои ҳафтшину ҳафтсин ва таомҳои миллиро, ки аз ниёгони мо то ба имрӯз боқӣ мондааст, бо маҳорати баланд ба намоиш гузоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки кормандони Агентӣ дар базми наврӯзӣ омодагии ҳамаҷониба дида, онро бо чеҳраҳои хушу рӯҳияи болида пешвоз гирифтанд. Иштирокчиён бо либосҳои миллӣ, ки баёнгари маданияту фарҳанги нотакрори халқи тоҷик ба шумор мераванд, ба чорабинии идона ҳусни бештаре зам намуданд.
Аз давраҳои хеле дур, баргузории ҳаргуна мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳо дар ҷашни Наврӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ якчанд озмун ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда шуд, ки ба чорабинии мазкур ҳусни тозза бахшид.

IMG_1828IMG_1824

Дар ҳар гӯшаю канори таълимгоҳ ҳайати шахсӣ бо сурудани шеъру тарона, рақсҳои ҷаззобу дилрабо ва намоиш додани либосҳои мардумӣ истиқболи гарми Наврӯзи хуҷастапайро муждагонӣ медоданд.

IMG_1771

Барномаи консертии омода намудаи ҳунармандон ва кормандони Агентӣ дар васфи Наврӯзи оламафрӯз, хушрӯзӣ ва осудагии мардуми сарбаланди тоҷик таҳия гардида буд, ки ин ҳама натанҳо таҷассумгари сарҷамъӣ ва муттаҳидии халқи куҳанбунёд, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстонаро дар бар мегирифт.

IMG_1842

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД