Директори нави ММҲИОМ таъин гардид

0
2370

16 октябри соли 2017 Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) генерал-майори политсия Виборов Анатолий Николаевич директори нави ММҲИОМ полковники политсия Пустовитов Григорий Борисовичро ба ҳайати шахсии Марказ, намояндагони ваколатдори мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ММҲИОМ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва кормандони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар ш. Алмати муаррифӣ намуд.
Пустовитов Г.Б. намоянда аз Федератсияи Россия мебошад, ки дар асоси бадал (ротатсия) аз ҷониби сарони давлатҳои узви ММҲИОМ бо тавсия Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои ММҲИОМ таъин гардидааст.
Дар рафти чорабинӣ Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии миллии кишварҳои узви ММҲИОМ, муовинони директори ММҲИОМ, намояндагони ваколатдор, инчунин ҳамоҳангсози лоиҳаи РСМММНҶ Р. Питтс директори навтаъиншуда Пустовитов Б.Г.-ро табрик намуда, ба директори аз вазифа озодшуда генерал-майор Жунусов Б.М. барои кори пурсамар дар самти ҳамоҳангсозии кӯшишҳои мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ММҲИОМ изҳори миннатдорӣ намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД