Нашъа – манбаи афзоиши ҷинояткорӣ

0
1527

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 6 майи соли ҷорӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонаи №51 ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ, мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМБ/АНМБ (ВИЧ/СПИД), инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯистеъмоли маводҳои нашъадор вохӯрӣ гузарониданд.

Дар он намояндагони Агентӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати занони шаҳри Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

Чорабинии мазкур тавассути телевизиони “Ҷаҳоннамо” ва “Пойтахт” пахш гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД