Нашъаҷалобон – шаҳрвандони Ӯзбекистон бо 10 кг героин дар Подмосковие дастгир гардиданд

0
1332
C

Кормандони Раёсати Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар вилояти Москва 8 нафар нашъаҷаллобонро бо 10 кг героин дастгир намуданд, нисбати ин ҳодиса Агентии иттилоотии ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии РХФНМН дар вилояти Москва хабар медиҳад. “Маълум гардид, ки боздоштшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, нашъаҷаллобон шабакаҳои бисёршоха доштаанд – фаъолияти онҳо ноҳияҳои         Солнечногорский, Истринский, Павлово – Посадский, Люберетский ва Балашихинскийро дар бар мегирифт. Инҳо танҳо ҷойҳое буданд, ки якчанд аъзои фаъоли ин гурӯҳро дастгир намудаанд”, – қайд намуд хадамоти матбуот.

Тибқи маълумоти идора, коркарди оперативии гурӯҳи ҷинояткор аз тобистони соли 2014 оғоз гардида, дар натиҷа ҳуқуқвайронкунандагон дар ноҳияҳои Павлово – Посадски ва Солнечногорскии Вилояти Москва дастгир шуданд. Ҳамаи боздоштшудагон фаъолияти ҷиноияшонро рӯйпӯш намуда, худро муҳофиз, посбон ва таъмиркунандагон аз рӯи фармоиш муаррифӣ мекарданд.

Дар ХФНМН қайд намуданд, ки роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша берун аз ҳудуди Россия қарор дорад. Ҳамаи фармонҳо ба боздоштшудагон аз он ҷо меомадаанд, маблағҳои пулӣ тариқи терминалҳо ва системаҳои пардохтӣ ба ҷайби ташкилотчиёни ин гурӯҳ ворид мешуданд.

Тибқи моддаи 228 КҶ ФР (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар), парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, боздоштшудагон дар маҳкама қарор доранд. Кофтукови иштирокчиёни боқимонда давом дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД