ТАҲҚИҚОТИ МИЛЛӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

0
2121

26 сентябри соли 2016 дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ дар доираи лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ «Таҳқиқоти миллӣ дар соҳаи истеъмоли маводи мухаддир дар байни ҷавонон» гузаронида шуд.

Дар вохӯрии мазкур ҳамоҳангсози минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Сениё Агбохлах, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба татбиқи таҳқиқот, инчунин намояндагони Агентӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии омор ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ширкат варзиданд.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои таҳияи «Таҳқиқоти миллӣ дар соҳаи истеъмоли маводи мухаддир дар байни ҷавонон», инчунин муҳокимаи баргузории таҳқиқоти мазкур дар мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаҳои кишвар муҳокима гардиданд. Қайд карда шуд, ки таҳқиқот дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии давлатӣ бо фарогирии 4000 респондент доир карда мешавад.

Таҳқиқоти мазкур моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи таҳқиқоти анҷомёфта, ҳисобот ба миқдори 3000 адад нашр карда мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД