ДАР САРҲАДИ ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАД БО ҚАЗОҚИСТОН НАШЪАҶАЛОБ ДАСТГИР ГАРДИД

0
1227

Зодаи 27-солаи Қазоқистон ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Нисбати ин ҳодиса Агентии иттилоотии «Волга – Медиа» бо истинод ба хадамоти матбуотии Раёсати Сарҳадии Хадамоти Федералии Амнияти Федератсияи Россия дар вилояти Волгоград хабар медиҳад.         Ҳайдар Шингиров моҳи январи соли ҷорӣ шаҳодатномаи Россияро соҳиб гардид ва зуд фаъолияти васеи ғайриқонунии худро оғоз намуд. Ҳангоми наздик шудани кормандони полис ӯ мехост пинҳон шавад. 11 март дар ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи кормандони назорати сарҳадӣ ва полис зодаи Қазоқистон дастгир гардид. Ӯро дар Палласовка ҳангоми убури сарҳади давлатӣ дастгир намуданд.

Айни замон гумонбаршуда дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад. Нисбати кирдорҳои дастгиршуда ҳаракатҳои тафтишотӣ идома доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД