Дар сарҳад дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон ду шаҳрванди Қирғизистон бо 22 кг героин дастгир шуданд

0
1344

ОСТОНА. КАЗИНФОРМ – Дар қитъаи отряди сарҳадии “Корда”-и Раёсати минтақавии «Оңтүстік» (вилояти Ҷамбул) интиқоли ҳаҷми калони героин пешгирӣ карда шуд.

21 сентябр соати 16 наряди сарҳадии шуъбаи назорати сарҳадии «Кордай авто», бо истифода аз саги хизматӣ ду шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки дар автомашинаи ГАЗ-3110 ба Қазоқистон ворид мешуданд, дастгир намуд.

Дар ин бора аз Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.

Ҳангоми азназагузаронии автомашина 45 баста бо маводи хокамонанди рангаш зарди бӯи махсус дошта ошкор гардид, ки вазни он 21 кг 923 граммро ташкил дод.

Дастгиршудагон – ронанда – Жубаничбеки 48-сола ва соҳиби автомашина Абдурасули 53-сола мебошанд.

Парванда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД