ИСТЕҲСОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН ДАР СОЛИ 2016

0
864

Арзёбии вазъ

Пешгӯиҳои коршиносон барои соли 2016 оид ба муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ ва афзоиши истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон дар ҳодисаҳои соли гузашта тасдиқи худро ёфтанд.

Гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ, асосан дастаҳои ҷангии ҳаракати «Толибон» дар давоми сол амалиётҳои махсуси ҷангиро барои таҳти тасарруф қарор додани марказҳои маъмурии вулусволиҳо ва вилоятҳо анҷом доданд, ҳамзамон ба биноҳҳои ҳукуматӣ, дафтарҳои созмонҳои байналмилалӣ, қисмҳои низомӣ ва политсия ҳамлаҳои мусаллаҳона

намуданд. Гарчанде, бештари ин ҳамлаҳо ба ҳадафи чашмдошт нарасида бошанд ҳам, аммо онҳо таъсири рӯҳии худро ба аҳолии маҳаллӣ расонида, афкорро дар бораи заифии мақомоти салоҳиятдори ҳукуматӣ

ташаккул доданд.

Амалиётҳои зиддитеррористии аз ҷониби Ҳукумати ҶИА баргузоршуда самараи дилхоҳ ва дарозмуддатро намедиҳанд.

Ҳамаи ин аз механизми санҷидашудаи ғояҳои таблиғотии дастаҳои зиддиҳукуматӣ, ки дар байни аҳолӣ, хусусан байни ҷавонон ва табақаҳои камбизоат ба роҳ монда шудааст, шаҳодат медиҳад. Инчунин, тахмин кардан мумкин аст, ки дар шароити ҷории иҷтимоию-иқтисодӣ барои аҳолӣ нигоҳ доштани бетарафии муайян ҳам нисбат ба ҳукумати қонунӣ ва ҳам нисбат ба қувваҳои зиддиҳукуматӣ муфидтар аст.

Ҳам иқтисодиёти Афғонистон ва ҳам суботи сиёсӣ дар кишвар, чун пештара аз дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста мебошад. Илова бар он татбиқи аксари лоиҳаҳои рушди истеҳсолоти ҷойгузини маводи мухаддир, қабл аз ҳама дар соҳаи кишоварзӣ, аз сабаби мавҷудияти фасод, нооромӣ дар минтақаҳои кишвар барои мутахассисоне, ки дар лоиҳаҳо фаъолият менамоянд, самаранок набуданд.

Мушкилоти дигар барои Ҳукумати Афғонистон ин ҳалли масъалаҳои марбут ба бозгашти гурезагон мебошад. Дар гузориши соли 2016 дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ омодакардаи Раёсати комиссари Олии

СММ (РКОГ СММ) оид ба гурезагон дарҷ гардидааст, ки дар солҳои 2001-2015 қариб 4,8 миллион гурезагон ба ҶИА баргаштанд.

Аксарияти онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Покистон баргаштанд. Ба ин шадид гардидани сиёсати Покистон нисбат ба гурезагони афғон ва ташаббуси Ҳукумати ҶИА, аз ҷумла зиёд шудани кӯмаки якдафъаинаи

моддӣ барои гурезагон мусоидат кард.

Лекин, новобаста аз ҳамаи мушкилоти дар назди ҳукуматдорони Афғонистон истода, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсияи

нақлиёт ва дигар соҳаҳои инфрасохторӣ, ки барои беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандон равона гардиданд ва барои ба таври қонунӣ кору зиндагӣ намудан имконият фароҳам меоранд, чораҳо андешида мешаванд.

Кишти кӯкнор дар Афғонистон

Соли 2016 мутобиқи маълумотҳои РСММ МНҶ, ки якҷоя бо Вазорати мубориза бо маводи мухаддири ҶИА омода гардиданд, майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон ба 201000 га расидааст, ки нисбат ба нишондоди соли 2015 (183000 га) 10% зиёд мебошад.

Ҳамзамон сатҳи бақайдгирифташудаи кишти кӯкнори соли ҷорӣ назар ба нишондодҳои солҳои 2014 (224 000 га) ва 2013 (209 000 га) коҳиш ёфтанд.

Дар қиёс ба соли 2015 шумораи вилоятҳое, ки дар онҳо кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуданд, дар соли ҷорӣ аз нав зиёд гардиданд. Ҳамин тариқ ба 20 вилояти Афғонистон, ки дар ҳудуди онҳо кишти кӯкнор ба қайд гирифта шудааст, вилояти минтақаи шимол – Ҷузҷон илова гардид. Дар ҳудуди он дар соли 2016 – 409 га кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2016 аз 34 вилоятҳои Афғонистон дар 21 вилоят кишти кӯкнор ба қайд гирифта шуда, дар 13 вилоят кишт нашудааст.

Мисли солҳои пешин қисмати асосии кишти кӯкнор ба минтақаи ҷанубу ғарби Афғонистон рост омадааст. Соли 2016 дар ҳудуди минтақаҳои мазкур аз кишти умумӣ дар мамлакат 85% мутамарказ шудааст. (соли 2015 – 89%).

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД