Таҳлили вазъи қочоқи героин аз Афғонистон тавассути масирҳои Шимол ва Шимол – Баҳри Сиёҳ

0
2171

Маводи афюнӣ ба қатори мухаддироти “вазнин” мансуб буда, баъди истифодаи нахустини он вобастагии устувор пайдо ва ба узвҳои гуногуни бадани инсон таъсири манфӣ мерасонад, ки боиси пайдоиши касалиҳои доимӣ, тахриби ҷигар ва системаи рагҳо шуда, оқибат шахсиятро ба нестӣ оварда мерасонад. Ҳангоми истеъмоли маводи афюнӣ хатари аз меъёр зиёд истифодаи он вуҷуд дорад, ки чун қоида оқибат ба марг оварда мерасонад.

Сатҳи баланди истеъмоли афюн дар канори масирҳои қочоқи маводи нашъаовар мушоҳида мешавад. Мутобиқи маълумоти Раёсати СММ оид маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (Раёсати СММ МНҶ) дар ҷаҳон аз 12 то 21 миллион одамон афюн истеъмол менамоянд, зимнан аз чор се қисми онҳо истеъмолкунандагони героин мебошанд. Аврупо ва Осиё бозорҳои асосии истеъмолии афюн ба шумор мераванд, ки он асосан ба ин қитъаҳо аз Афғонистон интиқол дода мешавад.

Дар асри 21 (ба истиснои соли 2001) ҳиссаи Афғонистон дар истеҳсоли умумии маводи афюн аз 75,2 % то 91,5 %-ро ташкил дод. Дар соли 2013 дар Афғонистон 5500 т афюн истеҳсол шудааст, ки баробари 80 % афюни дар ҷаҳон бо таври ғайриқонунӣ истеҳсолшуда мебошад. Дар дохили Афғонистон бошад, истеҳсоли афюн асосан дар вилоятҳои ҷанубу ғарбии он мутамарказ шудааст. Дар ин вилоятҳо қувваҳои зиддиҳукуматӣ таъсири калон доранд ва дар натиҷаи вазъи ноором давлат зимни мубориза бо истеҳсоли маводи нашъаовар, назорати муомилоти прекурсорҳо, ки барои истеҳсоли онҳо лозиманд, инчунин масири интиқоли маводи нашъаовар ба хориҷи кишвар, ба мушкилот ру ба ру мешавад.

Қисме аз ҳаҷми умумии маводи нашъаовари дар Афғонистон истеҳсолшуда дар байни истеъмолкунандагони худи Афғонистон, ки тибқи маълумоти Раёсати СММ МНҶ шумораашон ба як миллион нафар мерасад, фурӯхта мешавад ва ё аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мусодира мегардад. Миқдори асосии онҳо бошад, барои фурӯш дар хориҷи Афғонистон истеҳсол карда мешаванд.

Дар чор соли охир ҳаҷми мусодираи гурӯҳи афюнӣ (героин, афюн, морфин) дар Афғонистон ба миқдори 78,5 % – аз 82 т 261 кг дар соли 2010 ба 146 т 827 кг дар соли 2013 афзоиш ёфтааст.

Миқдори мусодираи гурӯҳи афюнӣ дар Афғонистон дар солҳои 2010-2013

is-yu1

Маводи нашъаовари дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсолшуда асосан тавассути якчанд масирҳо интиқол дода мешаванд:

• Масири Балкан – аз Афғонистон тавассути Эрон, Туркия, кишварҳои нимҷазираи Балкан ва минбаъд ба давлатҳои Ҷанубу Шарқӣ ва Ғарбии Аврупо.

• Масири Ҷануб – аз Афғонистон тавассути Покистон ба кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё ва Хитой.

• Масири Шимол – аз Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Россия.

Харитаи масирҳои интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон

is-yu2

Дар Масири Балкан шумораи асосии гурӯҳи афюни дар Афғонистон истеҳсолшуда мусодира карда мешавад. Тибқи маълумоти Раёсати СММ МНҶ дар соли 2008 ба давлатҳои Эрон ва Туркия аз нисф зиёди героине, ки дар дунё мусодира гардидааст, рост меояд. Дар солҳои 2006-2008 дар ин ду давлат доимо ҳаҷми мусодираи героин зиёд мешуд ва онҳо се сол пайи ҳам, мувофиқан, ҷойҳои якум ва дуюмро дар ҷаҳон барои миқдори мусодираи героин мегирифтанд. Дар солҳои охир масири интиқоли маводи нашъаовар барои истеъмолкунандагони аврупоӣ тавассути роҳҳои наздисоҳилии Африқои Шарқӣ мегузаштагӣ шуданд.

Истеҳсоли афюн дар кишварҳои “Секунҷаи тиллоӣ” (Лаос, Мянма, Таиланд) наметавонад, ки эҳтиёҷоти доимо афзоишёбандаи истеъмолкунандагони героинро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ қонеъ гардонад, бинобар ин камчинии гурӯҳи афюнӣ дар бозор аз ҳисоби воридсозии онҳо тавассути Масири Ҷануб аз Афғонистон пур карда мешавад.

Масири Шимол барои интиқоли гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон ба Россия дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ташаккул ёфт. Ба он шароите, ки дар солҳои аввали ташкилёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба амал омада буд, аз ҷумла шаффофияти сарҳадҳо, азнавташкилкунии фаъолияти қушунҳои сарҳадӣ ва хадамоти гумрук, камтаҷриба будани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мусоидат намуд.

Мутобиқи маълумоти созмонҳои байналхалқӣ ва мақомоти салоҳиятдори давлатҳои мухталиф, ки бо маводи нашъаовар мубориза мебаранд, чунин ҳисобида мешуд, ки маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Россия асосан тавассути Масири Шимол интиқол дода мешавад.

Воқеан, ҳанӯз соли 2004 Политсияи федеролии Германия (БКА) хабар дода буд, ки 45 % героини аз ҳаҷми умумии дар кишвар мусодирагашта дар қисми ҷанубии Германия дар назди сарҳади Австрия мусодира карда шудааст. Илова бар он, маълумот дар бораи ҳамлу нақли героин аз Эрон тавассути минтақаи Кавказ ба Украина, сипас ба Руминия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мавҷуд буд.

Дар соли 2008 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи омода ва нашрнамудаи Раёсати СММ МНҶ ва натиҷаҳои таҳлили маводи нашъаовари мусодирашуда хулосаашро дар бораи мавҷудияти масири нави қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба воситаи қисми шимолии Эрон ва кишварҳои Закавказия ба давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва Россия пешниҳод намуд. Ин роҳи нави қочоқи маводи нашъаовар шартан “Масири Шимол – Баҳри Сиёҳ” номида шуд.

Харитаи интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути Масири Шимол – Баҳри Сиёҳ

is-yu3

Ин хулоса пеш аз ҳама бо он асос меёфт, ки ҳаҷми мусодираи гурӯҳи афюнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар “Масири Шимол” ҷойгиранд, кам гардида буд, истеҳсоли гурӯҳи афюнӣ дар минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистон, ки бо Эрон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад, ривоҷ ёфт. Ҳамчунин, натиҷаи таҳлили роҳҳои дигари эҳтимолии интиқоли маводи нашъаовар ба Федератсияи Россия ва Аврупои Шарқӣ ба назар гирифта шуд.

Дар соли 2009 Кумитаи байналхалқӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар маърӯзааш, ки дар асоси маълумотҳои дар ихтиёрдоштааш соли 2008 нашр намуда буд, нишон додааст, ки кишварҳои Кавкази Ҷанубӣ тез-тез ба сифати минтақаи аввалияи интиқоли мавод ҳангоми интиқоли ғайриқонунии мухаддирот, махсусан гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон, хизмат мекунанд.

Афюни истеҳсоли Афғонистон ба Озарбойҷон бештар ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бурда мешавад ва минбаъд ба воситаи Гурҷистон бо чанд самт ба кишварҳои Аврупо интиқол дода мешавад.

Дар кишварҳои Закавказия дар солҳои 2000-2004 ба ҳисоби миёна ҳар сол наздикии 6 кг героин мусодира карда мешуд, дар солҳои 2005-2009 бошад ин нишондод 73 кг-ро ташкил дод.

Ҳаҷми мусодираи героин дар кишварҳои Закавказия дар солҳои 2005-2009

is-yu4

Таҳлили ҳаҷми мусодираи ҳарсолаи героин дар кишварҳои Закавказия дар ин солҳо нишон медиҳад, ки ҳодисаҳои мусодираи зиёда аз 100 кг героин дида намешавад, дар фарқият аз ҳаҷми мусодираи героин дар кишварҳое, ки дар ин масир дуртар ҷойгиранд.

Дар соли 2007 Хадамоти сарҳадбонии Украина ду ҳодисаи интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калонро дар нақлиёт пешгирӣ намуд, ки ба воситаи киштии аз бандари Поти (Гурҷистон) ба бандари Иличевск меомад. Дар натиҷа 279,5 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла 105 кг героин мусодира гардид.

Дар соли 2008 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Булғористон бори аввал дар таҷрибаи худ чор ҳодисаи интиқоли героинро ошкор намуданд, ки ҳаҷми умумии он 422 кг-ро ташкил дод. Ин миқдор героин ба воситаи киштӣ аз бандари Поти (Гурҷистон) ба бандари Бургас (Булғористон) интиқол ёфта буд.

8 октябри соли 2009 қариб 200 кг героин дар қитъаи Доғистонии сарҳади Россия ва Озарбойҷон мусодира гардид. Героин дар махфигоҳи автомобил, ки аз Эрон ба Белоруссия ҳаракат мекард, пинҳон карда шуда буд.

Тибқи маълумоти Агентӣ дар ду соли охир дар кишварҳои Закавказия ҳодисаҳои дар ҳаҷми калон мусодира намудани маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ ба назар мерасанд:

-14 июли соли 2013 кормандони ВКД Гурҷистон дар натиҷаи азназаргузаронии автомашинаи боркаш 116 кг героин дарёфт намуданд, дар ҳоле, ки дар давоми соли 2013 дар Гурҷистон ҳамагӣ 117,6 кг героин мусодира гардида буд.

– 17 январи соли 2014 дар Нуқтаи назоратии «Мегри» воқеъ дар сарҳади Арманистон бо Эрон, гумрукчиёни Арманистон ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи боркаше, ки ба шаҳрванди Гурҷистон тааллуқ дошт ва аз Эрон ба Гурҷистон ҳаракат мекард, 927,6 кг героинро дарёфт ва мусодира намуданд.

– 15 апрели соли 2014 дар Озарбойҷон 3 нашъаҷаллоб дастгир карда шуд, ки онҳо маводи нашъаоварро бо роҳи қочоқ аз Эрон меоварданд. Аз онҳо 25,6 кг героин мусодира гардид.

– 11 июни соли 2014 кормандони Вазорати амнияти миллии Озарбойҷон 40,5 кг маводи нашъаоварро, ки бо роҳи қочоқ аз Эрон оварда шуда буд, мусодира намуданд.

– 9 июли соли 2014 кормандони ВКД Гурҷистон ва Хадамоти даромадҳои Вазорати молияи Гурҷистон дар натиҷаи амалиётҳои оперативӣ-тафтишотии якҷоя ду шаҳрванди Гурҷистонро дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи боркаш кормандони ҳифзи ҳуқуқ 2 т 790 кг маҳлули героинро дарёфт намуданд.

– 8 августи соли 2014 кормандони Хадамоти гумруки Озарбойҷон дар дидбонгоҳи гумрукии “Синиг Керпю” аз автомашинаи боркаш, ки аз Эрон ба Гурҷистон ҳаракат мекард, 69 кг 610 гр героин мусодира намуданд.

Илова бар он, дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳолатҳои дастгиршавии шаҳрвандони давлатҳои Закавказия бо миқдори зиёди маводи мухаддир зиёдтар ба назар мерасад.Чунончи, 23 июни соли 2014 дар натиҷаи амалиёти якҷояи Вазорати амнияти миллии Озарбойҷон ва Хадамоти федеролии амнияти Россия дар ш. Москва шаҳрвандони Озарбойҷон ва Россия, ки ба қочоқи маводи нашъаовар машғул буданд, дастгир карда шуданд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо 135 кг героин мусодира карда шуд.

Дар кишварҳои Закавказия дар солҳои 2010-2013 дар натиҷаи зиёд шудани миқдори героини мусодирашуда, ҳаҷми миёнаи ҳарсолаи мусодираи героин ба 150 кг расид. Дар соли 2014 дар натиҷаи ошкор намудани танҳо ду ҳодисаи қочоқи маводи нашъаовар дар Арманистон ва Гурҷистон 3 т 700 кг героин мусодира шудааст.

Ҳаҷми мусодираи героин дар кишварҳои Закавказия дар солҳои 2010-2014

is-yu5

Ҳодисаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки аҳамияти “Масири Шимол – Баҳри Сиёҳ” дар қочоқи маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон босуръат афзоиш ёфта истодааст.

Соли 2012 маърӯзаи Департаменти давлатии ШМА оид ба Стратегияи назорати байналхалқии маводи нашъаовар нашр гардид, ки дар он хабар дода мешуд, ки масири муҳими қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ва Эрон ба воситаи Озарбойҷон ва Гурҷистон гузашта ба самти Аврупо, Туркия ва Россия меравад.

Раиси Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон А.Алиев дар чорабинии Клуби Каспий-Аврупо ин мавқеъро дастгирӣ намуда, таъкид кард, ки “роҳи Афғонистон-Эрон масири асосии интиқоли маводи нашъаовар ба Озарбойҷон ба шумор меравад”.

Тахминан ҳамин гуна ақидаро нисбати Гурҷистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, собиқ корманди Хадамоти махсуси Гурҷистон, айни ҳол сиёсатшинос, генерал-майори политсия Ҷемал Ҷанашия дастгирӣ мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки “Гурҷистон бо назардошти мавқеъи ҷуғрофии худ ҳамеша барои он шахсоне, ки ба қочоқи маводи нашъаовар машғуланд, мароқовар боқӣ мемонад. Маводи нашъаовар аз Афғонистон ва Эрон ба воситаи Арманистон ё Озарбойҷон ба Гурҷистон гузашта минбаъд ба Туркия ва аз он дуртар меравад”.

Таҳлили героини дар округҳои федеролии Кавкази Шимолӣ ва Ҷанубии Федератсияи Россия дар солҳои 2011-2013 мусодирашуда нишон медиҳад, ки ҳаҷми интиқоли героин тавассути минтақаи Кавказ зиёд шудааст.

Мутобиқи маълумоти Хадамоти федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар соли 2011 дар ҳудуди ин округҳо наздикии 70 кг героин мусодира шудааст, ки ба 3,5 % ҳаҷми умумии мусодираи героин дар кишвар баробар аст.

Дар соли 2012 бошад, дар ин округҳо 101,2 кг героин мусодира шудааст, ки ба 4,6 % ҳаҷми умумии мусодираи героин дар кишвар баробар аст. Ин рақамҳо дар соли 2013 ба 198,6 кг ва 8,1 % расиданд. Ҳамин тариқ, дар давраи солҳои 2011 – 2013 ҳаҷми мусодираи героин дар ин округҳо 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар солҳои 2013-2014 дар Украина ва Полша ду ҳодисаи мусодираи героин дар ҳаҷми махсусан калон ба қайд гирифта шудааст. Чунончӣ, дар охири соли 2013 кормандони ВКД Украина дар ш. Киев наздикии 50 кг героинро мусодира намуданд, ки барои як давлати Аврупо интиқол меёфт. Дар моҳи апрели соли 2014 кормандони Хадамоти гумруки Полша ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи боркаш, ки аз Украина ба Полша ҳаракат мекард, 150 кг героин ёфт ва мусодира намуданд.

Ҳамаи ин мисолҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аҳамияти “Масири Шимол – Баҳри Сиёҳ” дар қочоқи маводи нашъаовар босуръат афзоиш ёфта истодааст, ҳол он ки ҳаҷми мусодираи героин дар кишварҳое, ки қад-қади “Масири Шимол” ҷойгиранд, тадриҷан коҳиш ёфта истодааст.

Дар давраи солҳои 2004 – 2009 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми героини мусодирашуда ба 46 % – аз 6,3 т то 3,4 т, афюн бошад ба 13 % – аз 4 т то 3,5 т коҳиш ёфтааст.

Тамоюли камшавии мусодираи гурӯҳи афюнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои минбаъда низ давом ёфт. Дар давраи солҳои 2010 – 2013 ҳаҷми героини мусодирашуда ба 37 % кам шуд – аз 2,5 т то 1,6 т, дар маҷмӯъ ҳаҷми мусодираи гурӯҳи афюнӣ аз 4,8 т то 3,9 т ё 18 % кам шудааст.

Ҳисобҳои омории героини мусодирашуда дар семоҳаҳои аввали солҳои 2013-2014 нишон медиҳанд, ки камшавии интиқоли героин қад-қади “Масири Шимол” идома дорад. Дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ камшавии ҳаҷми мусодираи героин зиёда аз 50 % дида мешавад.

Шумораи мусодираи героин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар семоҳаҳои аввали солҳои 2013-2014

is-yu6

Дар нимсолаи аввали соли 2014 дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми мусодираи героин дар Қазоқистон ба 66,7% (аз 373,2 кг ба 124,3 кг), дар Қирғизистон ба 364% (аз 148,3 кг ба 94,2 кг) ва дар Тоҷикистон ба 20,7% (аз 301,4 кг ба 238,9 кг) коҳиш ёфтааст.

Камшавии интиқоли гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон тавассути “Масири Шимол” ва зиёдшавии аҳамияти “Масири Шимол – Баҳри Сиёҳ”, ба ин омилҳо вобаста мебошанд:

– тадбирҳое, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон андешида мешаванд;

– дастгирии ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар чорчӯбаи барномаҳои гуногуни дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалишаванда;

– боло рафтани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба даст овардани дастовардҳои муайян дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар;

– мустаҳкам гардидани низоми бехатарии сарҳади давлатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;

– наздикии Кавказ ба сарҳади давлатҳои Аврупо ва Федератсияи Россия, ки дар натиҷа шумораи убури сарҳадҳо кам мешавад;

– азнавтақсимкунии ҳаҷми интиқоли героин;

– мавҷудияти хуби имконият ва ашёи хом барои истеҳсоли героин дар минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистон, ки бо Эрон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад;

– мавҷудияти махфигоҳҳои хуб омодагардида дар автомашинаҳои боркаши истифодашаванда, чи тавре, ки мусодира дар Гурҷистон нишон дод, тағйир додани ҳолати физикии героин.

Бо назардошти хуруҷи Нируҳои байналмилалии истиқрори сулҳ аз Афғонистон, дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳкими инфрасохтори сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, инкишофи вазъи баамаломада, ки марбути истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон мебошад, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар солҳои наздик аҳамияти “Масири Шимол – Баҳри Сиёҳ” дар интиқоли маводи нашъаовар зиёд мешавад, зимнан, масирҳои асосии амалкунандаи интиқоли гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон мавҷуд боқӣ мемонанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД