Полиси Германия аз киштии Бразилия 300 кг кокаин мусодира намуд

0
1319

Маводи мусодирагардида тақрибан 90 млн евроро ташкил медиҳад. Киштӣ тавассути бандари Антверпени Белгия ба бандари Верт-ам-Райн ворид гардид.

Берлин, 29 сентябр. Дар Верт-ам-Рейн мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз киштии Бразилия тақрибан 300 кг кокаинро ошкор ва мусодира намуданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба намояндаи идора оид ба парвандаҳои ҷиноии замини федеролии Рейнлаанд-Пфалтс хабар медиҳад. Миқдори калони кокаин дар контейнери киштӣ пинҳон шуда буд. Маводи мухаддирро ҳангоми борфарорӣ дар Верт-ам-Райн кормандони яке аз ширкатҳои таъминотӣ дарёфт намуданд. Онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуданд.

Дар 20 соли охир ин аз ҳама миқдори зиёди кокаини мусодирагардида дар Рейнланд-Пфалтс мебошад. Дар “бозори сиёҳ” нархи ин миқдор маводи мухаддир 90 млн евро арзёбӣ мегардад, иттилоъ доданд намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба рӯзноманигорон.

Кокаин дар дохили сумкаҳои варзишӣ ҷойгир буд, ки дар контейнерҳо пинҳон карда шуда буд. Киштӣ аз Бразилия тавассути бандари Антверпени Белгия ба Германия равона буд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД