Семинарҳои омӯзишӣ дар вилояти Суғд

0
1556

Аз 10 то 20 октябри соли 2016 дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакент бо дастгирии молиявии намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар асоси бандҳои дахлдори Гурӯҳи байналмиллалии корӣ (МРГ) семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони Раёсат баргузор мегарданд.

Семинарҳои мазкур барои такмили ихтисоси кормандони АНМН дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот мусоидат хоҳанд кард.


Дар доираи семинар 48 нафар кормандони Раёсати Агентӣ таҳти роҳбарии собиқадорон ва омӯзгорони Маркази таълимии Агентӣ аз рӯи машғулиятҳои оперативӣ ва тактикии гуногун дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот омӯзиш мегиранд.

Пас аз анҷоми семинар ба иштирокчиён сертификатҳо супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД