Семинари омӯзишӣ дар вилояти Суғд

0
1185

Бо мақсади пешгирии қочоқи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

санаи 24 июни соли ҷорӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Суғд бо иштироки кормандони дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и шаҳри Хуҷанд, дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирон дар майдони ҳавоии ш.Хуҷанд, дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и шаҳри Исфара, дидбонгоҳи гумрукии «Овчи-Қалача»-и н.Ҷ.Расулов ва дидбонгоҳи гумрукии «Патар»-и н.Конибодом семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Мавзӯъҳои семинари мазкур “Пешгирии қочоқи прекурсорҳо” ва “Пешгирии интиқоли дарунии воситаҳои нашъадор” тавассути презентатсия намоиш дода шуд, инчунин кормандони Агентӣ ба саволҳои нозирони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯҳои мазкур посухҳои мушаххас доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД