Семинари омўзишӣ дар шаҳри Хуҷанд

0
1583

Чизе, ки боиси нигаронӣ аст ва наметавонад ҷомеаро ба ташвиш наандозад, сол то сол чеҳраи ҷавон касб кардани нашъамандӣ дар кишвар мебошад.

Бинобар ин барои пешгирии ин вабои аср кормандони АНМН-и назди Президенти ҶТ бо ҷавонону наврасон пайваста вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ мегузаронанд.

Дар муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии сохтмонӣ»-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ доир ба шарҳу тавзеҳи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баргузор гардид.

Дар он намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд оид ба мақсад ва дурнамои Стратегияи мазкур ва роҳҳои татбиқи самарабахши он инчунин, нисбат ба масоили мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар самти мазкур, вазъи умумии нашъамандӣ дар минтақа ва паҳлӯҳои тиббиву иҷтимоӣ ва ҷиноии нашъамандӣ ҳарф зада, иҷроиши талаботи ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро вазифаи бечунучарои сохторҳои марбутаи давлатӣ ва аъзоёни ҷомеа унвон кард.

Аз ҷониби иштирокчиён саҳнача ва баромадҳои ҷолиби диққат гузошта шуд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шӯъбаи гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Зарафшони Раёсати Агентӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 25, 37 ва 40-и шаҳри Панҷакент дар мавзӯъҳои «Нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он» ва «Пешгирии ҷавонону наврасон аз пайвастан ба созмонҳои экстремистиву террористӣ» вохӯриҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД