Дарси умумӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ

0
1415

23 июни соли ҷорӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарси умумӣ сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентӣ дар мавзӯи “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯза баромад намуд.
Дар маърӯза давраҳои музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар хотима додани ҷанги дохилӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Роҳбарияти Агентӣ қайд намуданд, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардумии кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Ба шарофати сулҳу субот ва хиради мардум аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик пешгирӣ карда шуд.
Ҳамчунин, дар рафти дарс кормандони таҷрибадори Агентӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуданд, хотироти худро аз ҳодисаву воқеоте, ки бевосита иштирокчиии онҳо буданд, ба ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва расидан ба қадри сулҳу суботи комил баён намуданд.
23062017-1

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД