ЭЪЛОНИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ  БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2028»

0
960

Боиси ифтихор аст, ки истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад. Махсусан дар ҷаҳони имрӯза новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад. Яке аз сатҳҳои олие, ки дар замони муосир чунин ҳамкориҳоро ба роҳ меандозад, ин Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад. Дар доираи фаъолияти густурдаи он бо ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ифтихори ҳар як сокини ин диёри куҳанбунёди мост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз соли 1992 инҷониб бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муррифӣ намуданд.

Боиси фараҳмандист, ки имсол низ ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қатънома оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» пазируфта шуда, ба ҷонибдории он 193 давлати аъзои ин созмон раъй доданд. Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.

Пазируфта шудани тадбири дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи об, имрўзҳо дар ҷомеаҳои меҳнатии кишвар рўҳбаландии афзунро ба миён овардааст.

Ҳамзамон: «Ҳамагон хуб дарк менамоянд, ки об дар ҳастии инсоният мавқеи хосаро ишғол намуда, ҳамчун дурри гаронбаҳо маънидод мегардад.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мўъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рўшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист».

Баротиён  Дилшод

Нозири Шуъбаи назорати

муомилоти маводи нашъаовар

ва пешгирии нашъамандӣ

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД