Эълон оид ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон

0
1517

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои дохил шудан ба Донишгоҳи ғоибонаи ҳуқуқии Сибири (СибЮИ) Хадамоти Федералии Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар (ХФНММН Россия) эълон менамояд.


Довталабон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар озмун иштирок намоянд. Ба озмун ҷавонписарон аз синни 18 то 25-сола, ки аз рӯи вазъи саломатӣ хизмат бурда метавонанд, дорои маълумоти миёна, бо забони русӣ озода ҳарф мезананд, метавонанд иштирок намоянд.

Довталабон баъди пурра ҷамъ намудани ҳуҷҷатҳо ба озмун роҳ дода мешаванд.

Имтиҳони дохилшавӣ аз ду давр иборат аст:

Диктант аз забони русӣ (хаттӣ);

Дониши умумӣ (шифоҳӣ). Инчунин озмуни тестӣ ба тариқи компютер пешбинӣ шудааст.

Таҳсил бо забони русӣ дар факултаи тайёрии мутахассисони хориҷӣ мегузарад. Донишҷӯён 4 сол таҳсил намуда, дорои дипломи дараҷаи “бакалавр” бо ихтисоси “ҳуқуқшинос” мегарданд.

Аризаи довталабон то 5 феврали соли 2016 қабул карда мешавад.

Суроғаи мо:

ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 52, телефон барои тамос: 234-63-94.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД