ОБ БОШАД ГАВҲАРИ ҚИМАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР

0
61

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз поягузори асосии ҳамкорӣ дар соҳаи об буда, то имрӯз бо чанд иқдоми ҷаҳонӣ дар ин соҳа, ки истиқболи оламиёнро ба ҳамроҳ доштанд, мавзуи истифодаи оқилонаи обро дар арсаи ҷаҳонӣ ба миён гузоштаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббусҳо тавонистанд масъалаи обро, ки як мушкили ҷиддии имрӯза ва ояндаи башарият аст, ба сархати мавзуъҳои баррасишаванда дар доираҳои муҳими байналмилалӣ бароварда сиёсатгузорони ҷаҳониро огоҳ намоянд, ки бояд имрӯз мушкилии об дар ҷаҳон ҳал гардад, вагарна фардо дер хоҳад шуд.

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами ҳаёти инсоният худро масъул медонад ва иқдомҳои бузургро амалӣ месозад. Пешвои миллати мо маҳаки асосии ҳалли масъалаҳои марбут ба обро, ки имрӯз дар баъзе маврид барасии ихтилофи андеша миёни давлатҳо мегардад, дар ҳамкории байни кишварҳо мебинанд. Ин мавқеъ аз ибтидои ташаббусҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обии сайёра муайяну мушаххас буд ва то ба имрӯз идома дорад.

Баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар кишвари мо ва иштироки намояндагони воломақоми байналмилалӣ дар онҳо нишонаи нуфузу эътибори волои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асари олам мебошад.

Ин раванд обурӯи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бомаротиб афзуд ва роҳро барои татбиқи  пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии кишвар, махсусан дар масоили об боз кард.

Натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар ҳар кишвари ҷаҳон хеле назаррас арзёби мегардад. Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушти устувор мусоидат хоҳад кард. Акнун оид ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушти уствор” 2018-2028 ҳар ду сол дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор карда мешавад.

Имрӯз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манъбаҳои он доимо дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Амалиёти Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушти уствор, 2018-2028” ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустақами ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикстонро фароҳам меорад. Мудиряти ҳамгироёнаи захираҳои об, дигар мавқеъгириҳои самарнок ва  ташсаббусу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тамоюлҳои мусбӣ дар раванди расидан ба ҳадафҳои дар саҳти байналмилалӣ мувофиқашуда оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт омили мусоҳидаткунанда мебошад. Натиҷаҳои талошҳои Тоҷикстон дар соҳаи об боз як омили муассири комёб гаштан ба ҳадафҳои рушту уствор хоҳад шуд. Тоҷикистон мақсад дорад, ки ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо ва татбиқ намудани ташаббусҳо аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода барад. Бо итминон метавон гуфт, ки дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушти уствор”, 2018-2028 мушкилоти восита ба об то андозае дар саросари олам бартарф шуда, сокинони кишварҳои камоб аз вартаи мушкилиҳои норасоии оби ошомиданӣ раҳоӣ хоҳад ёфт.

   Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

 

                                                                                                  Парвина Асламова

лейтенанти х.н.м.н

нозири Шуъбаи умумӣ

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД