БАРГУЗОРИИ СИЛСИЛАВОХӮРИҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

0
649

Дар симои насли наврас, ҳамагон, пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, далеру шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Ба илму дониш фаро гирифтани насли наврас ва ҳидоят кардани онҳо ба роҳи рост метавонад садди роҳи ҳар гуна хатову кирдорҳои бадахлоқонаро боз дорад.

Бинобар ин, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи пешакӣ бо дигар сохторҳои дахлдор моҳои март ва апрели соли равон дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №28, 33, 44, 51 ва 100 и шаҳри Душанбе, силсилавохӯриҳоро доир намуданд.

Дар вохӯриҳои мазкур кормандони Агентӣ оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, бемориҳои хатарноки сироятӣ, шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятӣ, шабгардиву оворагардӣ, усулҳои дуруст ва ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ  баромад карда, зикр намуданд, ки онҳо бештар ба илм омӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаи муосир таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ҷомеа тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд.

Дар ҷамъбасти чорабиниҳо хонандагон фикру ақидаҳои худро баён дошта, баромадҳои судманд намуданд.

Баргузории чунин силсилавохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД