Натиҷаҳои асосии муқобилат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2015

0
1976

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2015 ҷиҳати татбиқи бандҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар

Дар семоҳаи якуми соли 2015 дар ҷумҳурӣ 307 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ба қайд гирмифта шуданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2014 11% кам мебошад (345).

Ҳиссаи ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар миқдори умумии ҷиноятҳо аз 6,1% дар семоҳаи соли 2014 то 4,7% дар семоҳаи якуми соли 2015 ихтисор гардид.

Дар байни ҷиноятҳои ба қайд гирифта шуда зиёда аз 70% бо моддаи 200 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан”) ва зиёда аз 27% бо моддаи 201 КҶ ҶТ (“Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ”) банду баст шуданд. Қисми зиёди ҷиноятҳои аз рӯи моддаҳои мазкур ба қайд гирифта шуда, ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мансуб аст.

Дар соли 2015 аз 219 ҷиноят, ки бо моддаи 200 КҶ ҶТ ба қайд гирифта шуда буданд, 38-тояш иловатан бо моддаи 289 КҶ ҶТ (“Қочоқ”) банду баст шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли 2015 дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2014 дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, ба истиснои вилояти Хатлон ба поён рафтани миқдори ҷиноятҳои ба қайд гирифта шуда мушоҳида мегардад. Ҷиноятҳои ба қайд гирифта шудаи вобаста ба маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон ба 16,3% афзоиш ёфт.

Дар семоҳаи якуми соли 2015 барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар 230 шахс дастгир гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2014 ба 10 шахс камтар мебошад. Соли ҷорӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар 5 зан дастгир шуданд (соли 2014 – 4).

Дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ миқдори шахсони дастгир шуда дар вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои Тобеи Марказ зиёд гашта, дар Душанбе. Вилояти Суғд ва ВМКБ коҳиш ёфтанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудрати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 263 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 0,2% зиёд мебошад.

Давомёбии тамоюли зиёд гаштани миқдори мусодира шудани маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ мушоҳида мегардад. Дар давраи ҳисоботӣ 637 кг маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ мусодира гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2 маротиба зиёд мебошад. Дар гурӯҳи афюнӣ ҳаҷми героини мусодира шуда ба 24,7 афзоиш ёфт. Бори аввал дар ҷумҳурӣ кокаин дар ҳаҷми 29 грамм мусодира гардид.

Дар ҳаҷми умумии маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис 626 кг мусодира гардид, ин назар ба дар семоҳаи якуми соли 2014 35,7% камтар мебошад (974 кг). Инчунин коҳиши назарраси ҳаҷми каннабиси мусодира шуда – аз 342 кг дар семоҳаи якуми соли 2014 то 73 кг дар соли ҷорӣ мушоҳида мегардад.

Тамоми маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ ва каннабис, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, бо роҳи қочоқ аз вилоятҳои ҳамсарҳади Ҷумҳури Исломии Афғонистон интиқол мешавад. Дар вилоятҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон – Хатлон ва ВМКБ зиёда аз нисфи маводи нашъаовар мусодира мегардад.

Дар семоҳаи якуми соли 2015 дар ҳудуди вилояти Хатлон 44% маводи нашъаовар мусодира гардид. Дар вилояти мазкур маводи нашъаовар афзалтар дар чор ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон – Шӯрообод, Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ мусодира гардид.

Соли ҷорӣ дар ҳудуди ВМКБ ҳаҷми маводи нашъаовари мусодира шуда 13%-ро ташкил дод.

Соли 2015 дар Душанбе дар қиёс бо соли 2014 ҳаҷми маводи нашъаовари мусодира шуда 46,7% афзоиш ёфта, дар ноҳияҳои тобеи марказ ба- 45,5% ва вилояти Суғд – ба 15,8 коҳиш ёфт.

Чун солҳои пешин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаҳои мусодираи ҳаҷми калони маводи нашъаовари синтетикӣ ба қайд гирифта мешаванд. Дар семоҳаи якуми соли 2015 аз тарафи ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 3 317 ҳаби МДМА мусодира гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 се маротиба зиёд мебошад.

Соли 2015 10 шаҳрванди Афғонистон дастгир гардиданд, ки аз онҳо 215 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла 99 кг маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ мусодира гардид. Аз шаҳрвандони Афғонистон маводи нашъаовар дар аксари ҳолатҳо ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мусодира гардид.

Дар семоҳаи якуми соли 2015 аз тарафи кормандони Агентӣ 58 ҳодиса ба қайд гирифта шуд ва дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 325 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ду маротиба зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии маводи нашъаовари мусодира гардида миқдори гурӯҳи афюнӣ зиёдтар мебошад – 217 кг, аз ҷумла 23 кг героин. Инчунин 108 кг маводи нашъаовари каннабис мусодира гардид.

Дар ин давра 71 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид, ки ин назар ба нишондоди соли 2014 5,9% зиёд мебошад. Аз онҳо 38 (соли 2014 – 25) парвандаи ҷиноӣ нисбати 53 (соли 2014 – 36) шахс ба суд ирсол гардид, аз ҷумла бо моддаи 200 КҶ ҶТ – 28 (соли 2014 – 20) парвандаи ҷиноӣ.

Дар соҳаи тақвият бахшидан ба мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша як қатор чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд ва дар натиҷаи онҳо фаъолияти 13 гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба онҳо 25 ҷинояткор шомил буданд, қатъ карда шуд.

Дар байни гурӯҳҳои ошкоршуда бо робитаҳои байналмилалӣ аъзоҳои гурӯҳе дастгир шуданд, ки интиқоли маводи нашъаоварро ба Россия тариқи хатсайри ҳавоӣ ба роҳ монда буданд. Масалан, моҳи августи соли гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии “Емеляново”-и шаҳри Красноярск аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҳангоми кӯшиши интиқоли зиёда аз 3 кг героин ба тариқи тайёраи хатсайри Душанбе-Красноярск шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуда буд.

Бо мақсади муайян намудани робитаҳои ҷиноии шаҳрванди дастгиршуда аз тарафи Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи моддаи 322 қ.1 КҶ ҶТ (“Хунукназарӣ”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи нақлиёт ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ созмон дода шуд

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе се нафар сокинони пойтахт дастгир гардиданд, ки онҳо бо сӯйистифода аз мансаб барои интиқоли маводи нашъаовар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Красноярск мусоидат менамуданд.

6 нафар шаҳрванд, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дастгир гардиданд.

Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вобаста мебошад, 24 шаҳрванд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, аз он ба маблағи 23 200 сомонӣ ҷарима ситонида шуд (семоҳаи якуми соли 2014 – 16 шахс, ҷарима – 14 000 сомонӣ)

Аз тарафи кормандони Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 2 амалиёти муштарак гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 12 кг 442 гр афюн мусодира гардид.

Соли 2015 кормандони Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 8 амалиёти муштарак гузарониданд, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 374 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, 1 лаборатория оид ба истеҳсоли героин дар вилояти Бадахшони Афғонистон нобуд карда шуд.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 31 марти соли 2015 7 кг 720 грамм героин мусодира гардид. Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд боз тақрибан як кг героин ёфт ва мусодира гардид. Се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардиданд.

Назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

dsc_0912

Дар рафти гузаронидани корҳои пешгирикунанда аз тарафи кормандони Агентӣ дар ВАО 133 баромад ташкил карда шуд, аз ҷумла, дар матбуоти даврӣ – 42, радио – 34, тавассути телевизион 57, дар сомонаи Агентӣ 96 иттилоот ҷойгир карда шуд. Дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ 69 вохӯрӣ, 8 семинар ва “мизи мудаввар”, инчунин 8 чорабинии варзишӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7 324 бемори гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шуданд, аз онҳо 203 зан (семоҳаи якуми соли 2014 7212 /197). Дар ҳаҷми умумӣ миқдори беморони нашъаманд дар се моҳи соли 2015 дар қиёс бо се моҳи соли 2014 ба 112 нафар ё 1,5% зиёд шуд.

Аз ҷумла, дар Душанбе дар қайди диспансерӣ 3011 бемори нашъаманд, аз ҷумла 122 зан (соли 2014 – 2944/117), дар вилояти Суғд – 1079, аз ҷумла 49 зан (соли 2014 – 1088/51), дар ВМКБ –872, аз ҷумла 3 зан (соли 2014 – 908/4), дар вилояти Хатлон области – 1347, аз ҷумла 19 зан (соли 2014 г. – 1311/13), дар Ноҳияҳои Тобеи Марказ – 1015, аз ҷумла – 10 зан (соли 2014 – 961/12) қарор доштанд.

Аз тарафи кормандони Агентӣ аз моҳи июни соли 2014 сар карда, таҳқиқоти иҷтимоӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он соли 2015 “Таҳқиқоти лоиҳавии оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии истеъмоли маводи нашъаовар ба нашъмандон ва аъзоёни оилаи онҳо дар шаҳри Душанбе” ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардид.

mak60-1

Моҳи феврал дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар сатҳи вилоят доир гардид. Аъзоёни Шӯро масъалаҳои алоқаманд оид ба иҷроиши бандҳои дахлдори “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҳудуди вилоят 1309 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 17 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Тамоюли зиёдшавии миқдори нашъамандон дар соли 2014 дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Ёвон, А.Ҷомӣ, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Данғара мушоҳида мешавад

Мутобиқи нақшаи кории Шурои вилоятӣ барои соли 2015 дар телевизиони вилояти дар моҳи феврал гуфтугӯи мустақими телевизионӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъули Раёсати Агентӣ барпо гардид. Ба тамошобинон иттилоот оиди натиҷаҳои фаъолияти хизматии Раёсат дар соли 2014 ва вазъи нашъамандӣ дар вилоят пешкаш гардид.

Ҳамкории байналмилалӣ

ec

Бо мақсади муттаҳид намудани ҷидду ҷаҳд дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва баланд бардоштани самаранокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ҳамкории байналмилалиро бо кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор рушд медиҳад. Аҳамиятнокии ҳамкориро ба назар гирифта, Тоҷикистон барои амалӣ намудани ташаббусҳо ва тақвият бахшидан ва робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад намояндагони Агентӣ дар ин давра дар як қатор конфронс, вохӯрӣ, тренинг ва семинарҳо иштирок намуданд, аз ҷумла:

– 3 феврали соли 2015 дар Агентӣ вохӯрии Директор бо Роҳбари ҷузъу томи Осиёи марказии хадамоти Аврупоии робитаҳои беруна Тойво Клаар баргузор гардид.

france

– 27 феврали соли 2015 дар Агентӣ вохӯрии Директор бо полковник Силван Ланиэл – мутахассис оид ба масъалаҳои амниятии Сафорати Франсия дар Афғонистон баргузор гардид.

– 5 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ – ҳамоҳангсози зербарнома ҷаноби Юсуф Моллаоғлу, намояндагони ВКХ, АНМН, СҚС КДАМ, Хадамоти гумрук, ВКД, Вазорати адлияи ҶТ иштирок намуданд.

– 9 марти соли 2015 дар Маркази байналмилалии Вена дар рӯзи якуми сессияи Ҳаштуми Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор (CND) аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ намоишгоҳи “Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014” ва “Тадқиқоти лоиҳавии оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз истеъмоли маводи нашъаовар барои истеъмолгарони воситаҳои нашъадор ва аъзоёни оилаи онҳо дар шаҳри Душанбе” гузаронида шуд.

vs-encha

– 13 март дар шаҳри Вена дар рафти кори сессияи 58-уми Кумитаи Байналмиллалии назорати маводи нашъовар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода бо муовини Котиби генералии СММ, Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов баргузор гардид.

– 16 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии кории роҳбарони комитетҳо дар чорчӯбаи лоиҳаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ХАСК/22 “Муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон тариқи хатсайри шимолӣ бо роҳи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани офисҳои ҳамкории сарҳадӣ” дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Вохӯрӣ бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Сафорати Япония дар Тоҷикистон, Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) ташкил ва гузаронида шуд.

prese1803-1

– 18 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бо иштироки роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ангезаҳо ва хатарҳои муосир” баргузор гардид.

Директори Агентӣ Р. Назарзода ба ҳозирин “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014”-ро муаррифӣ намуд. Дар баромад диққати асосӣ ба мавзӯъҳои он – мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, чораҳои коҳиши талабот ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории байналмилалӣ ва амалисозии барномаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Инчунин мавзӯи мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа инъикос гардид. Таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, пешгӯии вусъатёбии вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҶТ дар соли 2015 гузаронида шуд, вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон муайян гардиданд.

prek-1803

– 18 марти соли 2015 дар бинои АНМН – и назди Президенти ҶТ вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои минтақа оиди баргузории барномаи минтақавии ҶИА ва давлатҳои хамсоя баргузор гардид, ки аз тарафи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил карда шуд.

– 27 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрӣ оид ба масъалаҳои меъёри арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ, намояндагони Намояндагии минтақавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуъбаҳои назорати маводи нашъаовари назди Сафорати ШМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

inl30

– 30 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо ҳайати арзёбии Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ШМА (INL) таҳти роҳбарии Чарлз Ҷакоза баргузор гардид. Ҳайати арзёбӣ ба ҷумҳурӣ барои гузаронидани арзёбии мустақили лоиҳаҳо, ки бо дастгирии молиявии INL таҳия мегарданд, ташриф овард.

Аз тарафи Агентӣ дар таҳрири нав Қонуни ҶТ “Дар бораи воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо”, лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ”, лоиҳаи Фармони Президенти ҶТ “Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар” омода карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД