Нишондодҳои асосии мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

0
2083

Дар соли ҷорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи нашъамандӣ коҳиши начандон зиёди шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда ва афзоиши ҳаҷми мусодираи воситаҳои нашъаовари гурӯҳи афюнӣ (героин + афюн) ба назар мерасад.

Масалан, дар нимсолаи якуми соли 2015 шумораи умумии ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда дар панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта то 2,8% коҳиш ёфта, аз 7495 ба 7282 расидааст.

Коҳиши шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда дар ҷумҳуриҳои зерин чунин ба назар мерасад:


– дар Тоҷикистон ба 11,3%, аз 628 то 557 ҷиноятҳои мухаддиротӣ;

– дар Туркманистон ба 8,3%, аз 409 то 375 ҷиноятҳои мухаддиротӣ;

– дар Узбекистон ба 4,4%, аз 3535 то 3379 ҷиноятҳои мухаддиротӣ;

– дар Қирғизистон ба 0,2%, аз 936 то 934 ҷиноятҳои мухаддиротӣ.

Ҳамзамон, дар Қазоқистон шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда то 2,5% афзоиш ёфта, аз 1987 то 2037 ба назар мерасад.

Дар ҳар яке аз кишварҳои мазкур аксарияти ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда ба ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор рост меоянд.

Дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нишондиҳандаи шумораи ҷиноятҳои мухаддиротии бақайдгирифташуда ба ҳар сари 100 000 аҳолӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи пасттарин дорад.

Сатҳи ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нимсолаи якуми соли 2015 (ба 100 000 аҳолӣ)

 

Дар давраи таҳлилшаванда дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 143 кг маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ мусодира гардидааст, ки ин нишондод нисбати нимсолаи якуми соли 2014 то 3% зиёд мебошад.

Таҳлили ҳаҷми маводи мухаддири гурӯҳи афюнии мусодирашуда дар соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон 1 т 44 кг афюн мусодира гардидааст. Ин нишондод аз ҳаҷми умумии маводи гурӯҳи афюнии дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусодирашуда 49%-ро ташкил медиҳад.

Таносуби ҳаҷми маводи мухаддири гурӯҳи афюнии мусодирашуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 6 моҳи соли 2015

Дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда дар Тоҷикистон то 19,2% (аз 876 кг то 1 т 44 кг), дар Қазоқистон то 10,4% (аз 127,5 то 140,8 кг) ва дар Туркманистон то 2,4 баробар (аз 78,9 кг то 192,9 кг) афзоиш ёфта, дар ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон то 43,1% (аз 235 кг ба 133,8 кг) ва дар Узбекистон то 16,9% (аз 760,2 ба 631,4 кг) коҳиш ёфт.

Таносуби ҳаҷми маводи мухаддири афюнии мусодирагардида дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 6 моҳи солҳои 2014-2015

Дар баробари коҳиши ҳаҷми мусодираи маводи гурӯҳи афюнӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ афзоиши ҳаҷми мусодираи героин ба мушоҳида мерасад.

Дар нимсолаи аввали соли 2015 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 681,2 кг героин мусодира гардид, ки нисбати нимсолаи якуми соли гузашта 29,6 % зиёдтар мебошад.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 355,9 кг героин мусодира шудааст, ки аз ҳаҷми умумии героини дар панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мусодирашуда 52 %-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ ҳиссаи Қазоқистон – 20%, Қирғизистон – 18 %, Узбекистон – 10 % ва Туркменистон – 0 %-ро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи мусодираи героин дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳаҷми героини мусодирашуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон сарҳади умумӣ доранд, зиёдтарин ҳисоб меёбад.

Дар нимсолаи аввали соли 2015 дар се кишвар – Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркменистон 421,9 кг героин мусодира шудааст, ки 84%-и онҳоро мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон мусодира намудаанд.

Таносуби ҳаҷми героини мусодирагардида дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар 6 моҳи солҳои 2014-2015

Ҳамчунин мисли ҳодисаи ҳаҷми героини мусодирашуда қисмати зиёди ҳашиш низ дар Тоҷикистон мусодира шудааст.

Агар дар нимсолаи аввали соли 2015 дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 581 кг ҳашиш мусодира гардида бошад, пас 1 т 166 кг он ба Тоҷикистон рост меояд, ки ин аз ҳаҷми умумии ҳашиши дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусодирашуда 73,7%-ро ташкил медиҳад.

Таносуби ҳаҷми ҳашиши мусодирашуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 6 моҳи солҳои 2014-2015

Ҳаҷми баштари маводи нашъадори мусодирашуда, махсусан гурӯҳи афюнӣ дар ҳолатҳои муайян метавонанд аз афзоиши натиҷа ва самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳодат диҳад.

Новобаста ба чораҳои андешидашуда нишондиҳандаҳои омории теъдоди истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам баланд мебошанд.

Мутобиқи омори расмӣ дар соли 2014 дар диспансерҳои наркологии кишварҳои Осиёи Марказӣ 65269 нафар беморони мубталои нашъамандӣ ба қайд гирифта шуданд.

Ҳиссаи асосии беморони нашъаманд, ки зиёда аз 90%-ашонро мардҳо ташкил медиҳанд, истеъмолкунандагони тазриқии маводи нашъадор мебошанд.

Таносуби шумораи беморони нашъаманд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2014 бақайд гирифта шудаанд

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи бештари беморони нашъаманд ба ҳар сари 100 000 аҳолӣ ба Қазоқистон – 199 нафар ва теъдоди камтарин ба Узбекистон – 48 нафар рост меояд.

Дар Тоҷикистон ин нишондод 89 нафарро ташкил медиҳид.

Сатҳи истеъмоли маводи нашъадор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2014 (ба ҳар сари 100 000 аҳолӣ)

Маълумоти расмӣ оид ба Туркманистон ворид нагардидааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД