Оғози бозиҳои волейбол миёни бонувон

0
1534

3 август дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати ҷашни дарпешистодаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи даставӣ байни бонувон оид ба волейбол таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» оғоз гардид.


Дастаҳо аз муассиса ва идораҳои давлатӣ – Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Коллеҷи ба номи М.Атоев, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок доранд.

Мусобиқаи мазкур баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими дӯстию рафоқат ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона карда шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД