ОҒОЗИ КУРСҲОИ МАХСУСИ ХИЗМАТӢ-НИЗОМӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ АГЕНТӢ

0
624

Тибқи иҷрои босамари дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, пешгирии нашъамандӣ, муқовимат ба коррупсия, экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуротҳои номатлуб, ки хатари онҳо ба давлату миллат таҳдид мекунад, бо супориши Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода, санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар бинои Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси махсуси хизматӣ-низомӣ барои кормандони ҷавони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва Раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Шуъбаи ш.Турсунзода бо иштироки Роҳбари РСММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Амелия Ханнафорд ва Муовини якуми Директори Агентӣ Зафар Самад, оғоз карда шуд.

Устодони дастурдеҳ аз ҳисоби кормандони таҷрибадори Агентӣ ва намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон интихоб шудаанд, ки бо истифода аз асбобҳои айёнӣ ноутбук, проектор, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ ба 25-нафар иштирокчиёни семинар таи ду ҳафта машғулиятҳоро дар сатҳи зарурӣ меомӯзонанд.

Қобили зикр аст, ки курсҳои махсуси хизматӣ-низомӣ дар ҳар як нимсола ташкил ва баргузор мегардад, ки дар ҷамъбасти машғулиятҳо иштирокчиён бо Сертификатҳо сарфароз гардонида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД