Ифтитоҳи боз як Шуъбаи навтаъсиси байниноҳиявии Агентӣ дар шаҳри Истаравшан

0
1695

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирӣ намудани қочоқи он 23 июни соли 2018 маросими кушодашавии боз як Шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, ки бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда аст, баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавӣ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ, раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ва намояндагони сафорати Федератсияи Россия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии шаҳри Истаравшан, иштирок намуданд.

IMG_7310

Дар рафти чорабинӣ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ ва номояндаи расмии ВКД Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Килясханов Магомед Хизриевич суханронӣ намуданд.

IMG_7344

Бинои маъмурии шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар шаҳри Истаравшан  мутобиқи Барномаи расонидани кӯмаки молиявӣ ва моддӣ-техникӣ ба Агентӣ дар чорчӯбаи “Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Хадамоти федералӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Россия оид ба мусоидат кардан ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои писхотропӣ ва прекурсорҳои онҳо” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки он дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, утоқҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, тавқифгоҳи мувақатӣ барои дастгиршудагон, нақлиёти хизматӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар шароитҳо таъмин мебошад.

Мавриди истифода  қарор гирифтани бинои мазкур барои баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, таъминоти моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Агентӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар доираи амалишавии ин Созишнома ҳукумати Федератсияи Россия ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,4 милион  доллари ИМА кумакҳои молиявӣ ва моддӣ техникӣ расонидааст.

Аз ҷумла, барои кушодани шуъбаҳои нави Агентӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Турсунзода биноҳои маъмурӣ харидорӣ карда шуда, бо тарҳи замонавӣ таъмир карда шуданд, ҳамзамон бинои Агентӣ дар шаҳри Исфара пурра аз таъмир бароварда шудааст.

Агентӣ бо техникаҳои ҳозиразамон ҷиҳати пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ, сару либос, сузишворӣ, автомашинаҳои хизматӣ ва дигар молу амвол муҷаҳаз гардонида шудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД