Вохӯрии навбатии аъзоёни кумитаҳои Роҳбарикунанда

0
1273

10-11 ноябр дар шаҳри Алмати дар чорчӯбаи Лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани Офиси ҳамкории сарҳадӣ» вохӯрии навбатии аъзоёни кумитаҳои Роҳбарикунанда, ки дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода шудаанд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози минтақавии Лоиҳаи XAC/K22, аъзоёни кумитаҳои Роҳбарикунанда ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони лоиҳаҳои дигар, ки дар Осиёи Марказӣ таҳия мегарданд, иштирок намуданд.

Тибқи барномаи Вохӯрӣ намояндагони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо муаррифинома дар бораи фаъолияти Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар кишварҳои худ баромад намуданд. Сардори Шуъбаи Иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, ки ба ҳайси коршинос даъват шуда буд, дар муаррифиномаи худ дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон оиди таҷлил намудани шабакаи алоқа байни офисҳои ҳамкории сарҳадӣ ва нақши шуъбаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ дар ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот нақл намуд.

Аъзоёни кумитаҳои Роҳбарикунанда, инчунин коршиносони байналмилалӣ таҳияи бомуваффақияти Лоиҳаи XAC/K22-ро дар минтақа ва комёбиҳои Тоҷикистонро дар соҳаи ташкили фаъолияти Офисҳои ҳамкории сарҳадӣ қайд намуданд, ки ин арзёбӣ ҳангоми таҳияи Лоиҳаи XAC/K22 дар кишварҳои узви лоиҳа ба назар гирифта мешавад.

Ба ҳайати Офисҳои ҳамкории сарҳадӣ яктогӣ намояндагони Агентӣ, ВКД, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дохил мешаванд, ки вазифаҳои асосии онҳо – ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи мубодилаи иттилоот ва гузаронидани амалиётҳои муштарак, аз ҷумла хислати байналмилалӣ дошта мебошад.

Аз рӯи натиҷаи Вохӯрӣ аъзоёни кумитаҳои Роҳбарикунанда ва коршиносони байналмилалӣ акчанд тавсияро барои таҳияи минбаъдаи Лоиҳаи XAC/K22 омода намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД