Ошкори маводи героин дар меъдаи инсон

0
568
OLYMPUS DIGITAL CAMERA

05 январи соли 2018 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷи Поён”- и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор намуданд.

Дар натиҷаи амалиёти мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳакимӣ Ҳакимуллоҳ бо гумонбарӣ дар интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир гардид. Ташхиси ренгенӣ дар Беморхонаи шаҳрии №3 ва ташхиси иловагии  ренгенӣ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” и шаҳри Душанбе муайян намуд, ки дар меъдаи шахси гумонбаршуда ашёҳои ғайр ҷойгир мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар зери назорати духтурон бо роҳи табиӣ аз меъдаи номбурда 38 адад ғилофакҳои дорои воситаи нашъадори навъи “героин” бо вазни умумии 542 грамм ёфта гирифта шуд.

Муайян карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳакимӣ Ҳакимуллоҳ миқдори дар боло зикршудаи воситаи нашъадори навъи “героин”-ро дар асоси маслиҳати пешакӣ аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи “Саидоғо”, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум мебошад, бо мақсади ба соҳибияти шахси ба тафтишот номаълум бо тахаллуси “Муаллим” додан, ғайриқонунӣ соҳиб шуда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

Нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳакимӣ Ҳакимуллоҳ ва шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои “Саидоғо” ва “Муаллим”  бо бандҳои “в, г” қисми 3 моддаи 200 ва қисми 3 моддаи 289  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ  оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД