ОШКОР НАМУДАНИ ЯКЧАНД НУҚТАҲОИ ФУРУШИ ЧАКАНАИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ВМКБ

0
314
C

Дар мулоқоти худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ВМКБ, ки санаи 15 сентябри соли равон дар ш.Хоруғ баргузор гардид, вазъи маводи мухаддирро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда баён намуданд.

Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва  ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт ва пешгирии нашъамандӣ яке аз вазифаи аввалиндараҷаи АНМН назди Президенти ҶТ ба ҳисоб меравад.

Баъд аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдат -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилоят кормандони Раёсати  Агентӣ назорати маводи нашаъовар дар ВМКБ фаъоляиташонро боз ҳам ҷоннок намуда, аз санаи 16 сентябри соли равон то инҷониб 3 адад нуқтаи фуруши чаканаро ошкор ва қатъ намуданд. Нисбати нашъаҷаллобон- Қурбоншоев Лангаршо Давлатмамадович, 14 сентябри соли 1968 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи ш.Хоруғ кучаи М.Иҷубов 77, Додалиев Матлубшо Муродович, 11 январи соли 1981 соли таваллудаш– истиқоматкунандаи н.Шуғнон, ҷамаоти деҳоти Сучон ва Мамадризохонов Искандар Абдураҳмонович, 17 майи соли 1969 соли таваллудаш- истиқоматкунандаи ш.Хоруғ, кучаи Гагарина бо ҷурми фуруши чаканаи маводи нашъадор аз тарафи кормандони РАНМН дар ВМКБ дастгир  ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Инчунин нисбати Зуҳуров Шамшер Мулкамонович 25 майи соли 1968 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи н.Шуғнон, ҷамоати деҳоти Сучон,  Расули Шарифҷон, 30 майи соли 1992 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, Одинамамадов Хайриддин Шарафхонович  20 майи соли 1998 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи н.Ишкошим бо ҷурми даст задан ба маводи мухаддир, протоколи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳамчунин аз тарафи кормандони Агентӣ якчанд ахбороти оперативӣ ба қайд гирифта шуда,  мавриди коркард карор доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД